Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
азназаргузарониҳои республика меовард ва ба ҳунарварони райони худ комёбӣ аз паси комёбӣ ҳадя мекард. Ҳар сол аҳвол ҳамин буд. Ӯро дар саҳнаҳои Душанбе, дар радио ва телевизион ҳамчун намояндаи фархориён мешинохтанд. Вале ӯ дар Душанбе дар ҳамин шаҳри ҳунаршинос таҳсил мекард. Гузаштагони ӯ аз Самарқанд будаанд.
Соли 1967 Муқаддас Набиева ҳамчун лауреати азназаргузаронии республикавӣ соҳиби дараҷаи якум гардид.
Соли 1973 Муқаддас дар курси сеюм таҳсил дошт.
Орифшо Орифов ӯро ба консерти солинавии телевизион даъват кард. Муқаддас аз таронаҳои дилошӯбтарини худ, аз бадеҳаҳои халқӣ чанде суруд.
Диламро деҳ, ман бедил намонам,
Ба мисли мурғи нимбисмил намонам,
Агар ишқат бувад гирдоби дарё,
Маро ҳам бар ки дар соҳил намонам...
Орифшо Орифов таронаи ӯро гӯш карду боз ҳам ба таъкид гуфт:
— Духтар, ту бояд суруд хонӣ... Дигар ҳама корро таҳ карда ба як сӯ мону ба “Гулшан” биё. Парто института!
Боз наомад. Ӯ институтро хатм карду ба райони Фархор ба кор рафт. Ҳам тренери мактаби спортӣ ва ҳам роҳбари маҳфили ҳаваскорони санъати район буд.
Боз ӯ дар ҳузури деҳқонону чорводорон — дар назди харидорони асили ҳунари худ ҳунарнамоӣ мекард, аз кафкӯбию таҳсини онҳо, аз миннатдорӣ ва хушнудии мардуми диёр курта-курта гӯшт мегирифт, меболид, мефахрид. Он рӯзҳоро ба хотир оварда Муқаддас мегӯяд:
— Рости гап, ана, ҳамон рӯзҳо ман аҳамияти саҳнаи ҳунар, қисмати таронаҳои худро чуқур ва чунон ки боист эҳсос кардам, фаҳмидам, ки ба ин шуғли худ сар-сарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё