Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
маслиҳат мепурсад. Муқаддас аз амри дили якрави худ берун рафта натавонист. Ба институти тарбияи ҷисмонӣ рафт.
Солҳои таҳсил дар институт ҳам вай аз саҳна дур будан натавонист, хоҳ-нохоҳ ҳалқаи ҳаваскорони санъат ӯро ба худ ҷазб мекард. Авҷи дилнишини таронаҳои ӯ кам-кам ба гӯшҳо менишаст, ба атроф паҳн мегашт, дилҳоро ба ҷӯш меовард. Аввал дили ҳамсабақонро тасхир кард, баъд атофиёнро сонӣ дуру наздикро. Вале ҳанӯз ҳам Муқаддас ба ин машғулияти худ ҳамчун ба як навъ дилхушӣ ва саргармии муваққатӣ менигаристу бас.
Артисти Хизматнишондодаи Республика Орифшоҳ Орифов таронаҳои ӯро шунида, на як бору ду бор Муқаддасро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон, сонитар ба ансамбли “Гулшан”-и телевизион ва радио даъват кард.
Миёни мардуми мо овозхонон кам нестанд, аммо ҳунарваре, ки таронаҳои ӯ мудом дар дили кас садо диҳад, ҳамеша кам аст. Ҳунарваре, ки соҳиби чунин истеъдод аст, сазовор аст, ки дигар ҳеҷ ғамеро ба дил роҳ надиҳад, зеро табиат ӯро подоши беназире бахшидааст
— истеъдод. Он ба шахси ӯ тааллуқ дорад, онро бо ришва ва бухлу ҳасад, бо ҷӯрабозӣ, бо унвону ҷоизаҳо гирифтан натавон.
Ман овози ӯро мешунидаму ба зӯрозмоиҳои ҷавонмардони беҳунаре, ки солҳои дароз аз саҳнаҳо, телевизиону радио пайваста нағмагаранду ҳунари онон ба ҳеҷ дил намерасад, афсӯс мегуфтам...
Устодони ҳунар ба Муқаддас пайваста мегуфтанд, ки ояндаи вай хоҳу-нохоҳ ба санъати овозхонӣ пайванд аст, аммо духтари варзишгар ба ин даъват ҳеҷ розӣ намешуд ва ҳамин ки таътил оғоз меёфт, ба Фархор мерафт, пеши ҳамдиёрон, дугонаҳо, додару хоҳаронаш таронаҳо мехонд ва худ сурудҳои онҳоро гӯш мекард, ҳунарварони деҳаро машқ дода ба конкурси “Бӯстон”,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё