Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Суперфосфату поруи молро омехта медиҳем.
Ана, ин хел аз ғалбер нагузаштагиҳояшро ба сари марза рехта, шарбатоб карда медиҳем, — ӯ поруҳои дурушти ба даруни ҷӯй рехтаро нишон дод. — Дина ба совхози “Правда” рафта, қадре поруи мурғ ёфта омадам.
— Ӯҳ-ҳу, чи қадар? — ба ваҷд омад раис.
— Ду мошин. Ғун шудагиаш ҳамин будаст. Як илоҷе карда гирифтам.
— Ду мошин пахта бурд кардед.
Ҳар ду хушҳолона хандиданд. Баъд раис ба ман рӯ оварда гуфт:
— Соли гузашта аз ҳар гектар 40 центнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол қавлашон — 50.
— Кори аз дастамон меомадагиро кардем, акнун гап ба тирамоҳ. Тирамоҳ соз ояд, иҷро мешавад, — гуфт Давлат сурх шуда.
— Ҳар як гулу шонаро эҳтиёт кунед, панҷоҳ гуфтагиатон ҳазл не. — Чашми раис ба сабукрави болояш бо брезент пӯшида афтод, ки қариб як километр дур аз мо дар баландие меистод: — Вай азони кӣ?
— Азони Наҷмиддин. Ба қарибӣ харид. Худаш дар ҳамон наздикӣ обдорӣ мекунад. Саҳар савор меояду бегоҳ савор меравад. Як банд-ним банд алафи молҳояшро ҳам ба болояш баста мегирад.
— Ҳуқуқи ронандагӣ дорад?
— Дирӯз ҳамроҳи ман имтиҳон супорид. Ман ҳам аз рӯи қоидаи нави ронандагӣ аз санҷиш гузаштанам даркор будаст.
Бо Давлат Сафаров хайрухуш карда, мо ба тарафи болодасти деҳа, ба сӯи пахтазори Маликшоҳ роҳ гирифтем.
— Соли 61 колхоз чи қадар даромад гирифта буд? — савол кардам аз раис.
Вай аз ин саволи ногаҳонӣ ҳайрон шуда, аввал ба рӯям

пешина
аз 393
навбатӣ