Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
гуна кайкро дар зери оинаи заррабин нигариста дидаст, ки ҷонвари ба чашми оддӣ ноаёне кайкро мегазад...
Беихтиёр хандидам.
— Ҳашароти зиёнкор ба сарнавдаи пахта тухм мегузорад, — шарҳ дод раис. — Дар байни ду-се рӯз аз ин тухм ҳашарот мебарояд. Бинобарон, манфиати чеканка аз ин ҷиҳат ҳам беқиёс аст. Тухми ҳашаротро хеле кам мекунад. Ба колхозчиҳо таъинот додаем, ки сарнавдаҳои кандаашонро ҷамъ карда, ба ягон ҷои махсус партоянд.
Давлат Сафаров ҷавонмарди резаҷусса, лоғарандом, гандумгун, дар сӯҳбат ҳалим ва фурӯтан ҷилва мекард.
Дар симояш нишони ғайрат ва иродати сахти ӯ ҳувайдо аст. Дар ҷавоби ҳолпурсии раис гуфт, ки бригада чеканкаро тамом карда, ҳоло ба ғизодиҳии саросар шурӯъ кардаст.
Баъди чанд сухани дигаре, ки доир ба вазъи пахтазор байни ҳар ду радду бадал шуд, саркор гуфт:
— Як бор ба наздатон рафтанӣ будам.
Раис бо назари савол ба рӯи вай нигарист.
— Заҳ пахтаро нобуд карда истодааст, раис. Агар заҳбурро тезтар канда, заҳро нагурезонем, меҳнатамон барбод меравад.
— Чи, магар Водхоз кор сар накардаст?
— Сар кардан кати, пешрафти кораш маълум не. Ҳӯ, ана вай эксковатор ду ҳафта боз дар ҳамон ҷо, — суроби аз дур намоёни эксковаторро нишон дод Давлат. — Гоҳгоҳ як-ду кас омада, дар гирдаш ҷунбуҷӯл мекунанду боз гум шуда мераванд.
— Хуб, ман гапзанон мекунам, — раис ба дафтарчааш чизе навишту баъд боз ба пахтазор рӯ оварда, пурсид: — Ҳамаи ин поруро бо трактор мепошед?
— Ҳа, гашташро суст карда...
— Эҳтиёт шавед-дия, ғӯза сершох, баланд шудагӣ, пешро дида намешавад. Боз тамоми шонаю кӯракро нарезанд. Чи хел поруҳо дода истодаед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё