Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

заштам, шаб дар шипангҳои саҳро хоб кардам, дар тӯю тамошоҳо будам, дар сари кор баҳсу талоши деҳқонони Мастчоҳро шунидам ва дар ҳама ҷо, мавридашро ёфта аз кору бори Азизов савол мекардам. Аз меҳнату зисту зиндагӣ, аз муомила ва шахсияти ӯ гап мекушодам, то сухани тозае шунавам, фикри одамонро фаҳмам, сирри ҳақиқии обрӯ ва пешрафти кори ӯро дарёбам. Очеркҳое, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ва журнали “Коммунисти Тоҷикистон” чоп шудаанд, ҳама
— қолибӣ, ҳама — суханони умумие, ки ба ҳар як раис часпонед, мечаспад. Одамон ҳам ба ин усул фикрронӣ хӯ гирифтаанд. Аммо ман чизи дигар мехоҳам, вале возеҳ гуфтан наметавонам, ки чӣ мехоҳам...
Яке аз рӯзноманигорони маъруфи Мастчоҳ, мухбири махсуси рӯзномаи вилояти “Ҳақиқати Ленинобод” Мулло Боқӣ, ки бо банда дӯстии дерина дошт, суханони кунҷковонаи маро дар бораи раис, гӯш карда истода, гуфт:
— Додар, гапро лунда карда гӯям? — Ӯ сараввал бо табассум ба чашмони ман нигариста “мақсадатро дуруст фаҳмидам ё не”, гуфтанӣ буд.
— Тӯби футбол баринашро гӯед, агар аз он лӯндатаре бошад ҳам, розиам, — ба умеди он, ки ӯ ягон сире мегӯяд, наздиктар нишаста, ба чашмонаш чашм дӯхтам.
Чашмони ростгӯи ӯ зиракона механдиданд.
— Ҳаштод-ҳаштоду панҷ фоизи колхозчиён аз сидқи дил, раисро ҳурмат мекунанд, ба вай боварӣ доранд.
Мулло Боқӣ инро гуфту гапам тамом гуфтагӣ барин ба майли хотир чойи пиёлаашро ҳӯп кашидан гирифт. Ман аз ин гап дар аввал ҳеҷ чиз нафаҳмидам, зеро “аксарияти кулл”-и даврони мо чӣ маънӣ дорад, ҳама медонанд ва ман ҳам медонистам. Шаккокӣ накардаму лаҳзае хомӯш ва сипас бо назари савол ба рӯи ҳамсӯҳбатам нигаристам.
— Ин гапи калон аст, дӯстам, — шубҳаи маро фаҳ-

пешина
аз 393
навбатӣ