Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ман ба Усмони Олим гуфтам:
— Мастчоҳи нав гузашта надорад. Ман бист сол муқаддам аз ин Янтоқ гузашта будам. На дарахт, на об, на иморате. Мастчоҳ танҳо имрӯзу фардо дорад. Ҳоло ба ман аз ҳамин рӯзу фардои он ҳикоят кунед.
Бори аввал дар бораи Азизов низ ман дар ҳамин сӯҳбат аз забони ӯ чанд сухан шунидам.
— Агар сарвари типи нав ҷӯед, — гуфт ҳамсӯҳбатам хотирҷамъ — ана, раиси колхози “Комсомол” Азизов. Ба носиҳатиаш нанигариста ин одам барои кори колхоз ҷон фидо мекунад. Шумо дар бораи раҳбарони типи нав гап задед. Мисоли гӯёяш ана ҳамин одам.
— Сиҳатиаш соз набошад, беҳтар аст, ки... — то ки Усмон-акоро малул насозам давоми суханамро нагуфтам. — “Дар тани солим — ақли солим” мегӯянд, инсони дардмандро ба кори сарварӣ таъин кардан хатост.
Бешак, ҳафт-ҳашт сол муқаддам дар деҳа шахсе, ки ӯро ба маънои пурра зиёӣ ва равшанфикр гуфта шавад, набуд. Касе набуд, ки бо вай аз ҳар хусус сӯҳбат кунад, изҳори ақида намояд. Алалхусус, дар байни раҳбарони колхозу совхозҳо чунин касонро дучор кардан кам муяссар мешуд. Имрӯз бисёр раисони колхозро дучор мекунед, ки дар хона китобхонаи хуб доранд, аз вазъи адабиёту санъат илм ва тамаддун, сиёсат ва иқтисодиёт ба хубӣ бохабаранд, рӯзномаву маҷаллаҳоро мехонанд, дар ҳар боб баҳс мекунанд. Имрӯз ба деҳа мераваму бисёр раҳбарони колхозҳо, кормандони идораҳои район савол мекунанд, ки Мирзо Турсунзода ҳоло чӣ навишта истодаанд.
Фазлиддин Муҳаммадиев баъди повести “Дар он дунё” чӣ чоп карданд? Баъзе ҷавонони деҳот на танҳо аз маданияти илму маърифати халқи худ балки аз ҳунари Эйсебио ва Валерий Борзов, Евгений Евтушенко ва Майя Плисецкая, аз эҷодиёти Пикассо ҳарф мезананд.
Сонитар ман Мастчоҳро давр зада, бо бисёр касон ҳамсӯҳбат шудам, аз роҳҳои серхоки пахтазор пиёда гу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё