Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
над, таҷрибаи кору зиндагӣ бигирад, ҳаққу ҳуқуқи худро бишиносад... Ҳайф аст, ки чунин духтари чобукдасту ботамиз асири хонавода гардаду аз ҷамъият ҷудо монад.
Фурсат ёфта ба хонаи Очаойино рафтан лозим, — ба худ азм кард Ҳикоят.
Албатта, кори ӯ дар мактаб бисёр аст. Дар мактаб ҳам муаллими адабиёт, ҳам мудири қисми илмӣ, ҳам котиби комитети комсомол будан чӣ маъно доштанашро шояд бисёр касон возеҳ идрок накунанд. Ба замми ҳамаи ин, комитети шаҳрии комсомол роҳбарии кружоки сиёсиро дар комбинати хизмати маишӣ ба зиммаи ӯ гузоштааст.
Дар он маҳфил ки “Глобус” ном додаанд, Ҳикоят ҳар ҳафта як бор бо коргарон машғул мегардад. 25 нафар духтарони комбинат сӯҳбати ӯро аз навигариҳои олам, воқеаҳои сиёсии ҷаҳон, аз боби маданият, адабиёт, санъат, техника муштоқона интизорӣ мекашанд. Ҳикоят ҳам пайваста мекӯшад, ки интизории онҳоро барбод надиҳад.
Барои ин эҳ, чи қадар бисёр хондан лозим! Баҳсу мунозира гоҳе чунон метаспад, ки Ҳикоят баъзан ба саволҳои духтарон ҷавоби пухта ёфта наметавонад. Дар чунин мавридҳо ӯ ба маслиҳати тарғиботчиёни пуртаҷриба амал карда рӯи рост ба духтарон мегӯяд:
— Дар машғулияти оянда ман ба ин саволҳои шумо ҷавоби мукаммал медиҳам.
Омӯхтан, пайваста мутолаа кардан лозим. Ҳама илмро омӯхтан лозим. Аз ҳама пеш илми заруриро бояд омӯхт.
Инро донишманди бузурги Юнонистони қадим Эсхил гуфтааст: “Хирадманд на он касест, ки ҳама чизро медонад, балки он касест, ки чизҳои заруриро медонад.” Доир ба ин ё он мавзӯъ агар ҳамаро надонам ҳам, китоби заруриро аз куҷо дарёфтанро бояд тавсия кунам, то бихонанд.
Ҳама дониш ва ақлу фаросатро ба одам китоб медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё