Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҳоло дили ӯро масъалаи дигар ба дард меорад. Чаро як қисм тамомкунандагони мактаб аз ҷумлаи духтарон хонанишинанд? Ин духтарон мисли шамъи тоқае, ки аз қандили фурӯзон ҷудо афтодаанд. Чаҳор девори хонаи худро гӯё равшан мекунанду бо ҳамин қонеъанд?
Сарҳалқаи занҷири бисёр кулфатҳои занону духтарони мо то имрӯз магар хонанишинӣ, ҷудоӣ аз ҷамъият набуд?
Хонанишин будан, бе касбу кор, бе дӯстон бе талоши орзу ва оқибат мутеи дигарон — гаштан чунин аст мунтаҳои ин силсила.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар қатори 400 нафар духтарони тоҷик, ки бо поезди дӯстӣ ба пойтахти Ватанамон шаҳри Москва сафар намуданд, Ҳикоят ҳам буд. Тамошои шаҳри бузург, зиёрати мақбараи Ленин гулчанбармониҳо ба пояи муҷассамаи Зоя Космодемянская, сайри намоишгоҳу музейҳо ӯро ба ваҷд оварданд. Дар корхонаҳои Москва Ҳикоят духтарони ҳамсоли худро дида, сӯҳбат кард, бо кору зиндагии онон ошноӣ ёфт. Хаёлаш боз ба шаҳри азизаш Ӯротеппа парвоз намуд. Чаро дар корхонаҳои мо духтарони маҳаллӣ ҳанӯз ҳам хол-хол дучор мешаванд? Ним асри гузаштаи баъди инқилобро ба хотир оварду дилаш ба дард омад. Духтараки хушзеҳну хандонрӯ Очаой ба ёдаш расид. Очаой мактаби миёнаро тамом кард. Аммо ҳоло аз сари дегу оташдони хонавода берун намеравад. Наход умри ӯ ба ҳамин минвол гузарад!? Чаро мо духтаронамонро даҳ сол дар мактаб монанди фариштаҳои муқаддас тарбия мекунем, илму фанро таълим медиҳем, ба ҳаёти пурҷӯш омода месозему сипас ба чанголи бешафқати қисмату сарнавишт бепарво ҳавола мекунем? — худ ба худ савол медод Ҳикоят. — Чаро мактаб ба дастпарварони худ мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро ҷудо кардааст, беэътибор менигарад? Очаой чи хел духтари хушзеҳну соҳибзавқ ва фаросатманд буд! Вай метавонист дар ҳар як корхонаву идора ё магазину беморхона кор кунад, баробари одамон хандад, шодӣ ку

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё