Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“ҶУМЪАЮ ОДИНА ДАР МАЪНӢ
ЯК АСТ...”

Пеш аз ин ман боре роҷеъ ба осори адиби шодравон Ҷумъаи Одина ба муносибате дар омади сухан навишта будам: “...Адиби шодравон Ҷумъаи Одина дар зиндагӣ на таърифу тавсиф шуниду на ба унвоневу ҷоизае сазовор гашт. Аммо ман аминам, баъди сад сол ҳам, агар авлоди мо аз осори адибони имрӯз шаш-ҳафт китоберо мутолиа кунанд, яке аз он китобҳо осори ӯ хоҳад буд...” Баъди он ки ин суханон дар моҳномаи “Садои Шарқ” интишор ёфтанд, ба ҳар ҷое мерафтам, аз боби рӯзгор ва осори ин адиби ситорасӯхта гуфгугузор ба миён меомад.
Бешак аз ваҷҳи пешгӯии ин бандафақир ақидаҳо мухталиф буданд. Рӯи суханам ба ҷониби дигар аст, таърих ҳукми худро бидуни доварии ину он хоҳад баровард ва ин ҳақиқатро ман ҳамеша дар мадди назар дорам.
Ғалат ин аст, ки аксари кулли зиёиёни мо ҳанӯз ҳам ба осори адибон аз рӯи валвалаи бозориёни адабиёт — ҷӯраю ҳамдиёрони адиб, ашхоси мансабдор ва ё матбуоту радиою телевизион баҳо медиҳанд. Дарвоқеъ, зиёиёни мо хеле кам китоб мехонанд ва аз ин сабаб аст, ки онон қобилияти батааммул китоберо хонда, дар муқоиса бо осори адабии дигарон баҳои онро муқаррар карданро наомӯхтаанд. Аз мардуми зиёитақлид чи ҷои гиламандист, ки ҳанӯз дар миёни адибон ва билхоса муҳаққиқону мунаққидон касоне “говтозӣ” карда гаштаанд, ки ҳадди китобхониву китобшиносиашон аз китобхонони оддӣ хеле пасттар аст.
Зимни чунин гуфтугузорҳо аз рӯзгор ва осори Ҷумъаи Одина як навъ эҳтиёҷи ботинамро пай бурдам ва ба навиштани ин очерк шурӯъ кардам.
Сараввал, дар овони хеле ҷавонӣ беэътибор ба номи адиб бо нақши қалами ӯ ошноӣ ёфта будам. Китобҳои тарҷума кардаи ӯро ба шавқи беҳудуд мехондам,

пешина
аз 393
навбатӣ