Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

вале ба номи тарҷумон наменигаристам, ки кист, боре диққатамро ҷалб намекарданд, ки китобро шахсе бо хуни дил аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. “Писари моҳигир”-и Вилис Ласис ва ё қиссаҳои адиби турк Сабоҳаддин Алиро бо шавқу завқи беҳудуд мутолаа мекардам, вале хеле баъдтар донистам, ки он китобҳо ва бисёр китобҳои дигарро ин адиби пуркору ранҷбар ба тоҷикӣ гардонда будаст.
Бори аввал Ҷумъаи Одина ҳамчун адиб диққати маро бо як ҳикоя буд ё қиссаи хурде ба худ кашид.
Ибтидои солҳои шастум буд. Ёд дорам, мани донишҷӯ дар маҷаллаи “Шарқи сурх” он қиссаро хонда, аз хушнудӣ ба дӯстони ҷавони худ гуфта будам:
— Минбаъд насри мо бояд ба ҳамин сабку усул ривоҷ ёбад...
Дар навиштаҳои адиби ҷавони ба ман ноошно пургӯии маъмули насри он айём набуд, характерҳои тоза, таҳлил ва таҳқиқи хеле амиқи рӯйдодҳои рӯзгор дили хонандаро ба худ ҷазб мекард. Тасвири сохтаю бофтаи зиндагии хаёлӣ не, балки дар он навиштаҳои шогирдона вазъи ҳақиқии рӯзгор ва одамони воқеӣ равшан ҷалва мекарданд.
Баъдтар повести “Авроқи рангин”-ро мутолиа кардаму аз ҳайрат лаҳзае ангушт ба дандон газидам. Он ҳаёт ва он ҷавононе, ки адиб тасвир карда буд, тимсоли тира ва сохтаю бофта не, ҳақиқати маҳз буданд. Он ҳақиқатро аксари адибони он давр медонистанд, вале ба ин сон бетакаллуф, фошофош тасвир накарда буданд. Адабиёт ҳанӯз аз банду басти схематизм раҳоӣ наёфта буд.
Баъдтар мани донишҷӯ роҷеъ ба ин қиссаи диловез ҳукми сазоворе нашунида ҳайрон будам. Баръакс, аз минбари маҷлисҳои адибон ба сари муаллифи он таънаю маломат меборид, аз саҳифаи рӯзномаю маҷаллаҳо ҳам суханеро, ки ақидаи маро тасдиқ кунад, нахондам. Монанди аксари осори тозаасос ва ҳаққонӣ дар он айём ид-

пешина
аз 393
навбатӣ