Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавоб: Дар рӯзҳои наздик “Номаи пеш аз арӯсӣ” дастраси китобхонон хоҳад шуд, ки он як повесту беш аз панҷоҳ ҳикояти маро фароҳам кардааст.
Савол: Бигӯед, ки ба адибони навмашқ чи маслиҳат медиҳед?
Ҷавоб: Аввало, ба арсаи адабиёт бо маърифати баланд бояд омад. Мардум китоби адиби донишманд ва некӯхисолро мехонанд. Аз кулли осори адабии ҷаҳониён дар овони ҷавонӣ баҳрабардорӣ калиди комёбист. Сипас лаҳзае фаромӯш набояд кард, ки вазифаи адиб дар ҳама ҳол ҳақиқатро гуфтан ва адлро ҷонибдорӣ кардан аст.
Адибе, ки дурӯғ мегӯяду ба дағо дасту дил олуд, истеъдоди худро мекушад.
Савол: Дар навиштаҳои нависандагони ҷавон бештар чи нуқсоне дар назар мерасад?
Ҷавоб: Бештар... Ва асосан, як нуқсони хеле мӯҳлиқ ба назар мехурад: воқеаеро баён мекунанду гумон мебаранд, ки он ҳикоя аст. Адабиёт баёни воқеаву ҳодиса не, балки иборат аст аз хислати одатӣ. Хислати равшан худ адабиёт аст.
Савол: Дар ҳаёт чи чиз ба Шумо хуш меояд ва аз чӣ танаффур мекунед?
Ҷавоб: Агар дар миқёси ҷомеа бигирем, аз ростиву дурусткорӣ, аз зебоии табиӣ хушам меояд...
Андӯҳам аз он аст, ки мардуми тоҷик ҳанӯз кам китоб мехонад ва дар сафи миллатҳои мутамаддин қарор нагирифтааст, — ба маҳалгироӣ печидааст. Андӯҳам аз он аст, ки ҳанӯз ҳам ҳуқуқи инсон ва демократияро риоя намекунем; ғами деҳқони тоҷикро мехӯрам, ки мувофиқи ранҷу заҳматаш музд намегирад, имкони иморат кардану инсонвор зиндагӣ карданро надорад...
Мухбир: Баҳром-ака, аз сӯҳбати Шумо хеле мамнунам. Ташаккур. Мухлисонатон китобҳои нав ба нави Шуморо интизоранд. Ба Шумо сиҳатӣ ва барори эҷодӣ орзумандам.

пешина
аз 393
навбатӣ