Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баъзе адибон се-чор номгӯи китоб солҳо бехаридор монда бошанд ҳам, боз нашриёти “Адиб” китоби онҳоро гаштаю баргашта нашр мекунад. Ҳатто китобҳои баъзе адибонро арзон кардаанд. Шумо ҳамчун мудири редаксияи адабиёти муосири тоҷик дар нашриёти “Адиб” ба ин ҳол чи гуна менигаред?
Ҷавоб: Дарвоқеъ, чи қадар маблағ, коғаз, ранҷу заҳмат беҳуда дар мағозаҳо буда, оқибат ба макулатура мераванд… Ин ҳолро мо кормандони нашриёт ҳоло дар назари эътибор гирифтаем. Баъди сабаби беривоҷии бозор ва касодии китоби баъзе адибонро таҳлил ва таҳқиқ кардан ман чунин натиҷа гирифтам: баъзе адибон дараҷаи ҳунар ва нуфузи ҳаводорони худро ба ҳисоб нагирифта осори худро паёпай ба нашр расондаанд, бо ҳар усул теъдоди нашри онро афзудаанд. Ҳоло нашриёти “Адиб” ба худтаъминӣ шурӯъ карда ва қарор кардаем, агар китоби адибе дар дӯконҳо ба касодӣ афтодааст, то ба фурӯш рафтани он асари нави ӯро ба нақша нагирем.
Ба ғайр аз ин нашри такрор ба такрори баъзе аз осори инчунин адибонро низ камтар мекунем… Минбаъд адади нашри ҳар як асарро бояд бозори он муайян кунад, на ошною рӯшно ва ҳомиёни соҳибмансаб.
Савол: Китобдӯстон ҳамеша дар ҷустуҷӯи китобҳои Шумоанд. Махсусан, “Тору Пуд” ва “Агар вай мард мебуд…”-ро дастрас кардан мушкил аст. Сабаби ин ҳолро чи гуна шарҳ медиҳед?
Ҷавоб: Ман чи гӯям… Ба фикрам, китоби худро ман беш аз дигарон ташфиқу тарғиб намекунам, дӯстону ҳамдиёронам ҳам ба ин кор даст назадаанд, мунаққидон ҳам… Аслан чунон ки Шайх Саъдӣ фармудаанд: “Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин, ки аттор бигӯяд”. Хонандаи имрӯзро бо валвалаи пуч фирефтан мушкил аст, ҳар як асарро худаш хонда интихоб мекунад.
Савол: Китоби наватон кай дастраси хонандагон хоҳад шуд?

пешина
аз 393
навбатӣ