Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нонимҳои зиёди ифодакунандаи калимаи асосӣ нишон дода шавад, зеро ин амал кори тарҷумонҳои навмашқро осон мекунад ва забони тарҷумаро аз берангию беширагӣ наҷот медиҳад. Калимаи русии “водохранилище — обанбор” тарҷума шудаву бас. Дар забони тоҷикӣ ҳавз, кӯл, толоб барин суханони рехтаву суфта ва урфӣ низ ин мафҳумро ифода мекунанд, аммо мураттибон аз онҳо ёдовар нашудаанд.
“Вылепить — сохтан”. Дар ин ҷо “таҷассум кардан”-ро илова кардан лозим буд, ки маънои ин калимаи русиро возеҳтар ифода мекунад.
“Глубокий — 1. чуқур, амиқ”. Калимаи “ғӯр”, ки дар забони тоҷикӣ ҳаст ва ҳам дар осори адибони пешин мавриди истифода буда, ба луғат надаромадааст.
Луғатсозони мо, ки “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро чанд сол аз ин муқаддам басо саҳеҳу пухта ба нашр расонида буданд, чаро дар тартиби луғати “Русӣ-тоҷикӣ” ин қадар ноӯҳдабароӣ зоҳир кардаанд, кас ҳайрон мешавад.
Як камбудии хеле дилфишори луғати нав бо лафзи харобу беранг ё чуноне ки мегӯянд, ба шеваи кӯчагию бозорӣ тарҷума ва тафсир кардани маънист: “кривляться — қилиқи хунук кардан”; “мухомор — 2. пашшақапак 3. нимҷон, мурданӣ, чурук”. Ба калимаҳои пурназокати тоҷикӣ — нотавон, заиф, фартут, барҷомонда чӣ расидааст, ки имрӯз “мурданию” “чурук” ба ҳукми меъёр омадааст?!
“Презренный металл — мулло ҷиринг”. Ин ибораи маҷозӣ дар забони русӣ тиллоро мефаҳмонад, ки онро боиси аксари фалокату касофатҳо мешуморанд. “Мулло ҷиринг” чунин оҳанг надорад ва пули оддиро ҳам тоҷикон “мулло ҷиринг” мегӯянду бо он нафрату лаънат изҳор намекунанд.
“Показать где раки зимуют” дар луғат “онаи

пешина
аз 393
навбатӣ