Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дар ҳақиқат Султонзода ба ҷорўби кундак шабоҳат дорад. Қадаш пастак, калтача, газгўшт, суфтаю рехта. Аммо ботинаш чӣ хел, ба Худо, хабар надорам.
-Ботинаш мегўӣ?! –бо ҷаҳл пурсид Аскар.—Ҳмм..
Боз ба як саволи ман ҷавоб бидеҳ, Ҳоҷӣ! Ҷорўби кундак ба чӣ кор меояд? Медонӣ! Ҳо бале! Барои хоҷатхона! Барои рўфтани ахлотҳо! Ана ҳамин хел! Ботини Султонзода ҳам чунон аст, ки ўро барвақт ба хизмати хоҷатхонаҳо партофтан лозим!
-- Ба ҳар ҳол, ҷорўби кундак ҳам дар вақташ барои рўбучини хона, дару ҳавлӣ хизмат кардааст, Аскарҷон,—бо оҳанги эътироз гуфт Сафарбек.
-- Ҳо, бале,-тасдиқ кард Аскар.-Ман ҳам хизматҳои Султонзода баринҳоро дар ҷамъият инкор намекунам!
Имрўз ҳам одами даркориянд онҳо, агарчи кайҳо кундак шудаанд. Ҷое, ки некон кору зиндагӣ мекунанд, бадон ҳам бояд бошанд ва ҳастанд, вагарна ҳаёт ранг намегирад. Шумо худатон-ку аз ман нағзтар медонед, Хоҷӣ. Худои мутаол ҳастиро чунин офаридааст. Ин ҷаҳони фонӣ дар пояи неку бад қарор дорад.
Сафарбек хуб андеша ронда, нобоварона сар ҷунбонд.
-- Аҷиб… Кундак, Кундук… Ҳеҳ!
Аскар мулоимхунукона тасдиқ кард:
-- Бале. Ба қавли бародарони рус, «Дундук» ҳам гўӣ, мешавад…
Ҳар ду, Файзулло ҳам ба завқ омада, ончунон баланд хандиданд, ки дар кўҳу дара ғулғула андохт. Дар ин асно, Ҳоҷӣ Сафарбек чун дид, ки Санавбар дар даст шишаи шароб меояд, дар ҷойи нишасташ беқаророна ҷунбид, домани ҷелакашро болои зонувон таҳ карда, ҳаракати аз ҷой бархостан кард ва ҳамон лаҳза даст ба омин бардошт:
-- Оллоҳу Акбар!- Маънидорона пинҳонӣ аз Аскар ба ҷиянаш чашмакӣ зад.—Шумо бемалол шинед. Ман рафта меваю чева биёрам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё