Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Даст ба галстуки гарданаш бурда, андомашро ба тартиб андохт. Дафтарашро аз дипломат берун овард; қалам ба даст гирифта тайёр шуда истод. Хаёлан суолҳояшро дар сар пазонда, омодаи сўҳбат шуд.
Санавбар даст бо лаби доманаш пок карда, наздик омад. Ба Ҳоҷӣ Сафарбек ва рўзноманигор бо эҳтиром салом доду мунтазири супориш чашм ба Аскар дўхт:
-- Чӣ биёрам, маълим?
-- Медонӣ-чӣ, шогирд? Ба худо сарам вайрон шуда истодааст! Баъд, худат дида истодаӣ-ку, меҳмон дорем!
Бе ҳамон сабилмонда сўҳбатамон ранг намегирифтагӣ барин…Бирав, бубин, Кундук дар куҷо ҷогаҳ кардааст, якта биёр!
-Хуб шудааст, маълим,- рамузгирона лаб ба дандон газид Санавбар ва даст пеши бар гирифта, сўи марғзори сабзу хуррам раҳсипор шуд, ки дар шафати дарахтони сафедор назаррабоӣ мекард.
Баъди рафтани Санавбар Сафарбек боэҳтиёт пурсид:
-- Кундукаш кӣ, Аскарҷон?
-- Султонзода! Боз кӣ мебуд!-беибо посух дод Аскар.
-- Барои чӣ вайро чунин ном мебарӣ, Аскарҷон?
-- Хеҳ! Аввал ту ба ман бигў-ку, Ҳоҷӣ, «кундук» чӣ маънӣ дорад?
Сафарбек китф дарҳам кашид.
-- Ба ростӣ, намедонам…
-- Хеҳ! Дар қишлоқ калон шудию чӣ будани кундукро намедонӣ? Ба ана он ҷорўб нигар!—ба ҷорўби кўҳнаи фарсудаю аз ҳам рехта ишора кард Аскар, ки рўи ҳавлӣ мехобид.-- Дар кўҳистони шумо чӣ мегўянд онро?
-- Кунд… кундак!-беихтиёр ба хотир овард Сафарбек ва аз ҷавоби ёфтааш завқ карда хандид.—Э рост!
Ҷорўби кундак! Аз калимаи «кунд» гирифта шудааст.
Аҷаб маъниҳое меёбанд мардуми мо! Сабил монад, ин маънӣ доимо вирди забонамон асту, дарҳол ба ёдам нарасид. Э, ман ба ту қоил, Аскарҷон! Ин гапро аз куҷо ёфта, ба вай муаллими бечора часпондӣ?

пешина
аз 208
навбатӣ