Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ана, «Исқотӣ» омад!— пиққӣ хандида аз ҷой ҷаста бархост ў ва гурезон дар як дам худро дар назди оташдон гирифт.
Аз сояи анбўҳи дарахтон сулфаи касе, сипас, овози ў шунида шуд:
-- Маълим! Ҳо, маълим! Ҳамин ҷойӣ?.
Аз шунидани ин овоз табъи Султонзода хира шуд.
На фақат ў, балки дигарон ҳам, ки дар ин хаймаҳо зиндагӣ мекарданд, ҳар дафъа дилгир мешуданд аз дидори ин мард. Чанд рўз аст, ки пойи Ҳоҷӣ Камол канда набуд аз хаймаи геологҳо. Бахусус ҳар рўз, ҳангоми хўроки шом, вақте медид, ки ба қавли ў «геологҳо» аз кўҳдоман фаромада, даври дастурхон ҷамъ шудаанд, банохост аз куҷое пайдо шуда сар мехалонад ба қароргоҳи онҳо. Ҳар чи гузоранд рўи дастурхон, покпокиза мехўраду гапҳои пасту баланде дар ғайби кимкиҳо гуфта, хайрухуш накарда мерафт ва шоми дигар дидӣ, ки боз бе гапу хабар даромада омад.
-- Биёед, амак, марҳамат…-- аз ҷой бархоста, хушомадгўёна даст пеши бар гирифт Султонзода.
Пирамард, мисле ки ба дари хонаи худ қадам ниҳода бошад, бе салому алайк гузашту сари дастурхон нишаст. «Бисимиллоҳ» гўён порае нон шикаста, ба даҳон андохт. Ба ҳавсала хойида истода, ба пасу пеш чашм давонд. Лаҳзае бо нигоҳҳои харидорона ба қаду басти Санавбар зеҳн монд, ки дар сояи дарахтон ба оташдон алав мемонд, дар дег, ҷизу биз садо бароварда, таом мепухт. Пирамард гашта ба табақи холӣ, ки Султонзода онро аллакай хўрда, ба қавле, лесида топ-тоза карда буд, нигарист; пиёлаи «об»-и дар наздаш бударо бардошта бў кашид. Рўй турш кард ва як сў гузошт.
-- Маълим!—манаҳи серришашро қабза карда молид ва бо овози баланд ба Санавбар шунавонида гуфт ў.— Арақа мехўреду газакаш нест-ку!
Табассуми сохтакоронае дар лабони Султонзода нақш баст. Дар муносибат бо ин марди қайсару девонаавзо, ки тайи чанд рўзи шиносоӣ ўро ба хубӣ омўхта буд, бисёр эҳтиёт мекард, ки мабодо аз ғафлат бо гапу кори ноҷое, дар ин мавзеи барояшон бегона, малоли хотираш нашавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё