Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Гузар, шин дар бари ман,-- лабонаш ғарқи табассум амр дод Султонзода.
Ў майле кард, то аз дасти Санавбар кашида, дар бари худ шинонад. Аммо Санавбар бо як чолокӣ дасташро раҳо карду худро қафо кашид. Нозомез лаб газиду бебокона дар муқобилаш нишаст.
-- Рў ба рў беҳ аз паҳлў,- гуфтаанд, устоз!
-- О, дар кўҳдоман, дар адир доимо дар паҳлўям мешиштӣ-ку?
-- Он ҷо дигар аст, устоз! Аз чашми ғайбатчиён панаҳтар. Ба ғайр аз одамони худӣ-ҳамкурсонаму акои Аскару Қодир каси дигар нест. Ин ҷо, дар диёргии қишлоқ сад чашм аз чор тараф ба сўямон нигоҳ мекунад.
-- Ҳай тарсидӣ! Кӣ мебинад, дар паси ин панҷараи дарахтону девори кўҳу пуштаҳо?
-- Чашмони номаҳрам аз паси сад қабат девор ҳам мебинад, устоз!
-- Ҳе, ту шайтон-е! Хайр, наздиктар шин. Якта резам?
Ў дар ду қадаҳ шароб рехт. Якеро ба Санавбар дароз кард: «Ана, инашро касе намебинад. Бубинад ҳам, чашми номаҳрам аз куҷо донад, ки дар пиёла чой аст ё шароб. Бигир, бинўш!»-- гуфт.
Санавбар қадаҳро дар даст гирифт, сар хам кард.
Султонзода ду чашм аз хати абрувони борику рухсораҳои гулгун ва лабони майгуни ў наканда, бесаброна интизорӣ мекашид.
-- -Ҳа, бардор! Чӣ нигоҳ карда мондӣ?
Санавбар бо майли нўшидан пиёларо баланд бардошт, ба лаб наздик овард ва ҳамзамон тарсидаву рамида ба атроф чашм медавонд. Дар ин ҳангом баногаҳ ба назараш намуд, ки аз паси хаймаҳо, дар партави офтоби фурўрафтаистода, сояи қади дарозе намоён шуд.
Саросема қадаҳро дар як лаби дастархон ниҳоду ба пушт нигарист. Акнун барои нанўшидани шароб, ки устод-муаллимаш талқин мекард, баҳонае ёфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё