Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Балки метарсид аз Ҳоҷӣ Камол, ибо мекард, аз ин пирамарди бадҷаҳл, ки рафту аз касе хафа шавад, тамом, Худо зад! Даррав шўру мағал бардошта, ба ҷанг мехезад. Ду рўз қабл чунин ҳолат дар пеши назари Султонзода рух дода буд. Ким-чӣ гапе аз байни ин мўсафеду ҷавонон гузашту Ҳоҷӣ Камол банохост овоз баланд карда, асояшро бо таҳдид ба сари Аскару Усмон бардошт. Агар он лаҳза Султонзода ба миёна намедаромад, албатта, хархашае ба по мехест ва ин овоза зуд ба гўши мардуми мавзеъ мерасиду кори хуб намешуд.
Бо ишораи устодаш Санавбар дар табақи холӣ қайла оварда, назди мўйсафед гузошт.
-- Э раҳмат, духтарам! Худо як шўйи базеби корчаллона насибат кунад!—даҳанашро ба ханда гиҷ карду нигоҳҳои ташнааш сар то пойи Санавбарро лесида гузашт. Сипас саросема даст ба таом бурд, луқмае дар даҳон андохту хойида истода, ғурунгос зад:
-Дугонаатро чӣ кор кардӣ, Санавбар?!
Санавбар бо қароҳат рўй турш кард. Бо ситеза қаду басти нозукашро тоб доду посух надод, дам назада пас гашту рафт. Пирамард ниҳоят луқмаашро фурў бурду сар аз табақ бардошт, бепарвоёна ба Султонзода нигарист:
-- Мегўянд, исқотӣ-- духтари Сурха мор газидаст?
-- Шогирди мо, Зумуррадро мегўед?—ҳайрон шуда пурсид Султонзода.—Охир, ба фикрам насаби ў дигар аст: Дар донишгоҳ Мармарова меноманд ўро?
-- Ҳеъ!..—луқма дар гулўяш дармонду базўр фурў бурд Ҳоҷӣ Камол.- Ис-сқотӣ-- Мар-- марова! Мармар чанд хел мешавад, маълим?!—бо ситеза пурсид ў.
Султонзода дар хиҷолат монда, пушти сар хорид.
-- Мармар? Заминшиносон якчанд хели ин санги нодирро кашф кардаанд: сурх, сурхи лоҷувард, сиёҳ, сиёҳи ҷилодор...
-Ҳо, бале, маълим! Бар ҳафт пуштат раҳмат! Ана, исқотӣ як Мармари Сурх, худораҳматӣ падари ҳамин шогирдат буд!

пешина
аз 208
навбатӣ