Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аскар дар курсии пеш, дар бари Султонзода ҷой гирифт.
-- Ҳай кун!—амр дод ў, ба Султонзода, ки пой дар гази мошин, гардан тоб дода, ба қафо рў гардонда буд.—Тез бош, боз киро нигаҳ дорӣ?!
Санавбар, Қодир ва Усмон ҳанўз дар баландӣ буданд. Ду ҷавон аз ду тараф, боэҳтиёт аз дасти Санавбар дошта, акнун то нисфи девори ёла мефаромаданд. Султонзода ду чашм аз Санавбар наканда, бо даст ишора кард: «Биё, тезтар!»
Аскар норозиёна ғурунгос зад:
-- Э, ўро дар куҷо мешинонӣ?! Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу! Бин, ба духтари бечора, хун дар рўяш намондааст! Фаромўш накун, ки бо вай ягон ҳодиса шавад, аввал ту, ҳамчун устод-муаллим, ҷавоб медиҳӣ!
Султонзода бештар ҳаросон шуд. Аз биму шарм, бо рангу рўи канда ба Зумуррад нигарист, ки ҳанўз беҳолу бемадор, якзайл, сахт-сахт нафас мекашид.
-- Аҳволат чӣ хел, шогирд?—пурсид ў ва мунтазири ҷавоб нашуда, ба Сайид гуфт:-- Кашед, пиҷҷакашро!
Дар ин гармои тафсон бе ин ҳам нафасаш танг шудааст!
Дигар ин ки, бубин, остинҳояш пури хун.
Сайид бо ёрии Аскар пиҷҷакро аз тани Зумуррад кашида, дасти захминашро дар он печониданд. Зумуррад дар пироҳани чити гулдор, ки ба танаш аҷаб зебанда буд, як маъсумаи парипайкари деҳоти кўҳистонро ҷилва медод.
Мошин ба роҳ баромад. Аскар бори дигар таъкид кард:
-- Ҳай кун, тезтар! Рост ба Қаряи боло! Ҳеъ, афсўс!
Ман борҳо аз мардуми ин ҷо пурсида гирифтаам! Онҳо рост мегуфтаанд. Ин мавзеъро беҳуда Дараи морон наномидаанд! Э—эҳ! Як бор не, сад бор таъкид кардам, ки духтар, эҳтиёт шав, дастатро ба таги ҳар буттаю хору хас халидан нагир! Ба кӣ мегўӣ ин гапҳоро! Гўш намекунанд! Ана оқибаташ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё