Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун Зумуррад каме ба худ омад, нолишкунон, ба лаҳҷаи ширини кўҳистонӣ овози ҳазини дилхароше баровард:
-- Ай, чиба хунма мемакӣ, Сайид? Оҳ, ин қадар азобум нате, охир! Мон, бимирум, сер шудум ай ҷони ширинум!
Сайид дар ҳолате ки лабонаш аз макидан варам карда буд, ўро тасалло медод:
-- Тоқат бикун, Зумратҷон! Ҳамааш хуб мешавад.
Дард зуд мегузарад. Иншоолоҳ, дар як дам сиҳат мешавӣ…
Султонзода низ афтону хезон, лағжидаву рўйи по шуда, расида омад.
-- Дасташро бастед? Хуб кардед! Акнун зуд бошед!
Ўро бардореду аз паси ман биёед!!!
Ҳамин ду ҳарфро ба забон оварду наистода, роҳашро идома дод; саросема бори танашро ба қади бора, ба сўи нишебӣ сар дод. Сангрезаҳо дар зери пояш шиқирросзанон садо мебароварданд. Ў рост ба сўйи мошинаш-«Некси» медавид, ки дар поёни кўҳдоман, дар қади роҳи сангфарш меистод ва болояш бо матои сафед пўшонида шуда буд.
Аз пайи ў Сайид Зумуррадро сари ду даст бардошта, пойҳояшро дар роҳи лағжони бора тиргаккунон бо шитоб мефаромад. Аскар аз дасти ба як тараф овезони Зумуррад медошт. Гўё дар бардоштани бори тани харобаи ў ба Сайид ёрӣ медод. Дар асл бошад, ин ҳолат барои худи вай қулайтар буд; даст бар дасти Зумуррад додаву баробари Сайид бошитоб қадамзанон мувозинаташро нигоҳ медошт, то худ лағжида аз пой наафтад.
Султонзода саросема матои рўпўши мошинро печонида, ба бағоҷи он ҳавола дод. Дар паси фармон нишаста мошинро ба ҳаракат даровард ва дарҳояшро аз ду тараф кушода монд. Сайид расидан баробар Зумуррадро бо эҳтиёт дар курсии мулоими қафои мошин такя кунонида, худ дар бараш нишаст.

пешина
аз 208
навбатӣ