Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ва онро низ ба мушоҳида гирифт, ки пойи Зумуррад лағжид; ҳамроҳи сангпораҳо ғел хўрдаву ҷар шуд, аммо хомўш буд, оҳу воҳ намекард, дигар овозаш намебаромад. Зеро ҳамон лаҳзаи аввали фарёд кашидану афтиданаш аз ҳуш рафта буд.
-- Эҳ! Мор! Мор! Зумратро мор газид!!!—нидои воҳимаангези Аскар дар кўҳдоман ғулғула андохт.
Ў боэҳтиёт лағжида пойин фуромад, қадаме ниҳода буд, ки аз пешаш ҳамон мори алои хокистарранг баромад, ки дар тасаввураш камаш ду метр дарозӣ дошт.
Аскар тарсида дар ҷойи худ беҳаракат истод. Сипас, гўё аввал ҳамин кор зарур бошад, сангеро бардошта ба мор таҳдид кард. Мор саросема болою пойин хазида, роҳи гурез мекофт. Аскар чашмонашро пўшида, сангро ба сўяш ҳаво дод. Тираш хато хўрд. Мор ба шаст ҷаҳида, дар нишебӣ лағжида рафт ва дар як дам аз назар ғойиб шуд.
Сайид аллакай, ба як хез задан худро назди Зумуррад гирифта буд. Расидан баробар обгиракашро кушоду ба рўйи карахту бемадори ў об пошид. Баъд саросема аз ҷайб рўймолчаашро бароварда, бо эҳтиёт сару рўю дастони хуншорашро тоза кард. Аскар худро болои сари онҳо расонд.
-- Газидаст?—ҳашшасзанон нафас кашида пурсид ва худ дарҳол посух дод:—Э, ба худо газидаст! Ана ҷойи нешаш!-- Ў ба захми банди дасти Зумуррад ишора кард, ки аз зарби сангрезаҳо сахт харош ёфта буд.—Чӣ истодӣ?! Бубанд!–Бошитоб рўймоли миёнашро кушода ба Сайид дароз кард. -- Аз ду тараф таранг карда бубанд ҷойи моргазидаро, ки хун дар баданаш паҳн нашавад! Ана ҳамин хел! Офарин! -- Сипас, аз пешкисаи пиҷҷакаш алмосеро баровард. Хам шуда, ҷойи захмро чок кард. Аз банди дасти Зумуррад, ки ҳанўз беҳуш мехобид, хун фаввора зад. Аскар бо воҳима ким-чиҳо мегуфту Сайид бо изтироб кори охирини «дармонбахшӣ»- ро анҷом медод; ҷойи захмро аз ҳар тараф меҷафиду лабонашро ниҳода, хуни берун ҷаҳидаро мемакид ва зуд-зуд ба як тараф туф мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё