Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Аскар, бас кун, ҷўра!—мошинро дар роҳи ноҳамвор бо эҳтиёт ронда, бо қавоқҳои овезон гуфт Султонзода.—Ту худат медонӣ, ки дар ин лаҳзаҳо ба гўши кас гап намефорад!
Вай бори дигар дуздида ба қафо нигарист. Санавбар, Қодир ва Усмон, акнун аз кўҳдоман хамида, сари роҳ баромада буданд. Нигоҳҳои Султонзода дар қадду басти Санавбар қарор гирифт, ки гардан каҷ карда, чашм аз ҳаракати мошин наканда меистод.
-- Охир зиёд не, ҳамагӣ ду духтаранд! Бояд ў ҳамроҳи дугонааш мерафт! Ту намондӣ!-зери лаб ғурунгос зад Султонзода ва бо қаҳр якбора суръати мошинро баландтар кард.
Аскар гўё аз ғазаби ў ибо карда бошад, хомўш монд.
Дар курсии мулоим каҷ нишаста, нохушона ба қафо дида андўхт. Санавбарро дид, ки аз дур, бо дили нохоҳам даст афшонда, ба қавли худ хайрухуш мекард.
Қодиру Усмон пешопеши ў якта-якта қадам зада меомаданд.
-- Дард мекунад?—чашм аз онҳо барканда, ба Зумуррад нигарист Аскар.
Зумуррад ба зудӣ посух надод. Ў ҳамоно карахту беёд буд. Гавҳараки чашмонаш беҳаракат ба нуқтаи номаълуме дўхта шуда буданд.
-- Месўзад?
-- Дастам карахт аст, –ниҳоят овози хастае баровард Зумуррад.—Панҷаҳоям шох шудаанд дар назарам.
-- Ҷойи бастаро кушоед!-маслиҳат дод Султонзода.-
-- Э не! Накушо, Сайид! Заҳр дар як дам дар бадан паҳн шуда, ба дил кор мекунаду тамом!—бо воҳима гуфт Аскар.
Султонзода писханд зад:
-- Ҳе, Аскар-е! Воҳима накун! Иншоолоҳ, бахти Зумратҷон баландӣ кардааст! Мор нагазидааст ўро.
Агар мегазид, агар заҳр мемонд, медонӣ, то ҳозир дасташ чӣ қадар варам мекард?!
-- Заҳ-р аз ку-- ҷо! Ди-гар заҳр на-монд! Ҳамаашро Сайид бо хун макида гирифт.—Ин боз ҳамон овози хастаҳолонаи Зумуррад буд, ки канда-канда сухан меронд.

пешина
аз 208
навбатӣ