Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чанг зер кардааст. О, ба фаррош як даҳан гўед, тоза кунад, намешавад?!
-Шинед, тоза мешавад.

  • Агар хоҳӣ, ки бегуноҳӣ омўзӣ, бо кўдакон нишин.

  • Инак, зимистон ҳам фаро расид. Ғайри хунук чизе нест, ки бихўрам.

  • Саре, ки ба ҷуз парвариши шикам фикри чизе намекунад, сари ҳайвон аст.

  • Хоб дидам, ки иҷозати ворид шудан ба биҳиштам додаанд. Вале дар дами дари биҳишт фариштае меситод, ки маро дидан замон доду афғон бардошт:
    -Ўро нагузоред, ки дарояд! Зеро дар он дунё ҳар рўз масту аласт омада, аз ҷонам безор мекард!
    Вай завҷаам буд.

  • Қарз додану бахшидан як маънӣ доранд.

*Зиндагӣ аз барои талоши мақсадҳост, на барои маоши заҳматҳо.

*Марде, ки даъвои шоирӣ дошт, шеъре пуч гуфт.
Яке гуфт:
-- Бас кун, аз барои Худо! Нагў ин « шеърҳоро!».
Гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
-Мабодо ҳофизони имрўза шунаванд, дарҳол ба он оҳанг мебанданд.

  • Як умр «Устоди гиромӣ» мегуфтамаш. Дидам, ки нашуд, миёни ҳарфи «г»-ро бастам.
пешина
аз 208
навбатӣ