Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Такаббур кирмест, ки мағзи сари инсонро мехўрад.

  • Аҷиб… Мо моҳе як маротиба маош мегирему ҷўгиён музди заҳматашонро ҳар рўз талаб мекунанд.

  • Тозагии сару либос ва тану гарданро рўзҳои душанбе муайян мекунанд.

  • Магасе, ки бисёр вингос занад, ба ҷони худ ҷабр мекунад.

  • Восеъро расани дор дар гардан, ҷонаш ба танг омад, тасбеҳро канду чошу пош дод.

  • Зинда бод судхўрони миллат, ки муаллифи «Марги судхўр»-ро Қаҳрамони миллат эълон карданд!

  • Бо мақсади он, ки ўро саҳар, расо соати ҳашт аз хоб бедор кунад, дар дасти хурўсаш соат баст.

  • -Шикаста бошам ҳам, шукр, ҳоло нарехтаам!
    -Аҷаб… Пас, ту лобовой будаӣ-ку!

  • Зани оқил он аст, ки на танҳо фарзандон, балки шавҳари худро низ тарбия карда тавонад.

  • Аҷаб замонае! Яке гули хўрок мехўраду дигаре гарди таом!

  • Аз одами бехосият бемузд некӣ кунад ҳам, талаб макун.

  • –Фалонӣ мурдаст, дарак ёфтӣ?
    -Хайр, чӣ? Ин ҳодиса дар таърихи инсоният бори нахуст нест-ку!

  • –Болои курсиҳоятонро, рафиқ сардор, як ваҷаб

пешина
аз 208
навбатӣ