Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Дар пирӣ аксар онҳое диндорони ашадӣ мешаванд, ки дар ҷавонӣ гунаҳкорони ашадӣ буданд.

*Ду лаҳза дар хотири ҳеҷ кас боқӣ нахоҳад монд:
Лаҳзаи таваллуд ва лаҳзаи ҷон кандан.

*Ҳама гуна дороӣ бароям он вақт боиси ифтихор хоҳад буд, ки дигарҳо надошта бошанд.

  • Аз худ муҷассамаи ҳақ матарош, ки ба зудӣ мешикананд.
    Бигузор, муҷассамаи туро (дигарон) тарошанд, ки дершикан хоҳад буд.

  • Як қадаҳ шароб як ҷуръа фазилати инсониро кам мекунад; як ракъат намоз як ракъат сифати инсониро зам.

  • Ба хотири ҷалби бештари харидорон дар танаи шишаи арақ навиштанд: «Ҳалол».

  • Баъд аз намоз хондан шароб бихўрӣ, худро фиреб медиҳӣ.
    Пас аз шароб хўрдан намоз бихонӣ, Худоро мефиребӣ.

  • Вақте ба демократия бовар хоҳам кард, ки дар шафати масоҷид майхонаҳо бунёд намоянд.

  • Доно дарахтро об доду сабзонд. Аблаҳ ба бехи девор об рехт, то бияфтад.

  • Имшаб хоб дидам, ки дар ҳалқаи бадмастон афтодаам.
    Аз бўйи даҳани онҳо ончунон маст шудам, ки саҳар калавида аз хоб бархостам.

пешина
аз 208
навбатӣ