Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Мутрибони беҳунар дар даҳони карнай ҳам микрофон ниҳоданд.

  • -Устод, китоби навам аз чоп баромад. Хондед?
    -Не.

  • Ҳеъ, аҷабо! Шумо мунаққид шуда, китобҳои адибонро намехонед, пас, мо, нависандагон барои кӣ менависем?!
  • -Устод, ба назарам утоқи кории Шумо ким-чӣ хел,
    бўйи бад мекунад?
    -Ҳа, шогирд, мошин, ки кўҳна шуд, аз пасаш дуд мебарорад!

*. –Устод! Шумо умри дароз мебинед! Ба сад медароед, ана мебинем!
-Чиро мебинӣ?! Чӣ, магар ту ба навад даромаданӣ ҳастӣ?!

  • Ҳеҷ касро интизор машав. Бигузор, туро интизор шаванд.

    • Шеф, хоҳиш мекунам, як боракак дар хонаи ман меҳмон шавед, дар пеши поятон гўсфанд мекушам!
      -- Майлаш, майлаш, ягон вақт меҳмон мешавам…
      -- Аммо тезтар, ки мабодо Шуморо аз кор бигиранд…
  • Барои офаридани як асар чӣ қадр вақт лозим?
    -На камтар аз нўҳ моҳу нўҳ шабу нўҳ рўз.
  • Модарам ҳамеша ҳамин як суханро такрор мекард:
  • Ҳаёт, бачам, бобот нест, ки доимо саратро сила кунад, набот нест, ки доимо даҳанат ширин бошад. Ризқи одам, бачам, аз доди Худо зиёд нест, дунё танг аст, агар дилут кушод нест…
пешина
аз 208