Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*-- Саломатиҳо чӣ хел?
-- Э, маза нест, ҷўра! Организм барахлит мекунад.

*Коргардони филм фоҳишаеро меҷуст, то нақши фоҳишаро рўи навор оварад.

*Яке гапи даҳан, яке боди шикамро нигаҳ надоред, ки дилро фишор медиҳанд.

*Чун ҳастӣ омаду онро бидидем, чӣ бояд кард, ки нестӣ низ омаданӣ ҳаст!

*-- Ризқи инсон аз заҳмати ҳалол зиёд нест. Сабаб чист?

-- Зеро Худои мутаол ҳалолро аз ҳаром камтар офаридааст.

*-- Чаро либосҳои озода намепўшӣ, худро орою торо намедиҳӣ?
-- Он гаҳ касе бовар намекунад, ки дар Вазорати фарҳанг кор мекунам.

*Хислати аҷибе дорад роҳбари мо. Ҳарчанд дасташро гарм мекунем, боз ҳам дилаш хунук аст!

*Одам мурват нест, ки ҳар лаҳза ўро тоб диҳӣ!

  • «Давидани гўсола то дари каҳдон»- мегўянд.
    Давидани инсон то лаби қабристон.

*Одамон ба мавҷудияти арвоҳу ҷину балоҳо бовар надоранд, бо далели он ки онҳоро надидаанд.
Оё неруи барқ, микробу бактерияҳо ва садоро, ки бешак дар муҳити атрофи мо арзи ҳастӣ мекунанд, метавон дид?

пешина
аз 208
навбатӣ