Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Дар кўдакӣ, дар деҳа бозӣ карда, аз ҳавлии ҳамсояҳо мегузаштем, мо бачаҳои шўхро соҳибхонаҳо ҷанг мекарданд.
Ҳоло бошад, дар шаҳр, дар боми хонаи ҳамсояҳо қадам мениҳему касе дам намезанад.
*-- Мегўянд, ки як наринаи шери баҳрӣ ба даҳ модинаи он соҳибӣ мекардааст?
-- Пас, мисли баъзе муллоҳои мо будаанд.
*Тавба кардам, ончунон афташ хунук, ки урён шавад ҳам, ягон мард нигоҳаш намекунаду боз сатр пўшида мегардад!
*Дар ҳама давру замон соҳибони давлат халтаи пурбореро назди мардум мегузоранд, ки қабати болояш гандум, боқӣ ҳама ҷав аст; шояд аз ризқ, шояд аз ваъдаҳо ва шояд аз фанду риёву дурўғҳои беҳисоб…
*Ҷамъи қонунҳои фалаҷшударо капитализм меноманд.
*Ончунон базавқ, баланд ва дурудароз хандид, ки якбора аз ханда рўдапеч шуду мурд!
Латифагўро ба суд кашиданд.
*Тифл то худро шинохтан хислати калонсолонро дорад; ҳар кӣ чизе диҳанд, ба он майл мекунад.
*Бандаро Худои мутаол сарвати дунё бахшид. Шукр накард.
Ўро ҳокими Замину Замон кард. Банда аз худ бехабар гашту худро Худо эълон дошт.
Худо ўро бахшид ва ҳазор сол умраш дод. Банда «Бас!» нагуфт.
Пас, Худо ўро кушт ва маргро пеш овард барои тамоми бандагонаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё