Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Оне, ки Худоро дидааст, манам. Дар ойинаи ақл ба ботини худ нигаристам.

*Аз ташрифи меҳмон шодию фараҳи аҳли хонадонро ҳадду канор набуд. Ҳар сол ба ифтихори ин рўз базму сурур оростанд. Ва аз рафтанаш афсўс хўрданд.
Ў Инсон буд ва хонадон ин дунёст.

*Подшоҳ ба вазираш гуфт: «Ту дар ҳузури мардум дар пойи ман сари таъзим фуруд овар. Ман дар ғайби мардум дар пойи ту сар хам мекунам.
Тақозои давлатдорӣ ҳамин аст».

*Сардори шўъба Мурод ҳарфи аввали номи худро дар паси дари ҳуҷраи кориаш сабт кард: М.
Муовини ў-Зайнаб ба вай тақлид карда, дар паси дари ҳуҷраи кориаш навишт: З.

*Хок аз оқибати ҳоли мо афсўс мехўрад, ки пой бар рўи ў бинҳодаему парвое намекунем.

*Ў хушҳолу фараҳманд сар аз бистари хоб бардошт.
Чашмонашро молид ва масрур аз он буд, ки чанд соатеро бо ғафлати ин дунё гузаронид.
Аммо аз мурдан, ки хоби беохир аст, метарсид.

*-- Аҳволатон чӣ хел?
-- Шукр, нафас кашида истодаем.

*-- Ту бачайи кӣ?
-- Бачайи отам!
-- Отаат кӣ?
-- Шўйи очам!
-- Очаат кӣ?
-- Зани отам!
-- Ҳа, акнун шинохтамат. Ту бачайи Афандӣ будаӣ!

пешина
аз 208
навбатӣ