Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Кадом лаҳзааш?
-- Ҳамоне ки милисаро мурданивор кўфтанд!

*Дунёро қурбон мекунам, маъниро не!

*Ба сўҳбати Худо гўш бинеҳ, то хушиҳои зиндагиро эҳсос намоӣ.

*Марде, ки бўи занро эҳсос намекунад, зан аст.

*Якрав аз рўи одат баракси гуфтаи дигарон кард:
Ҳавои тозаи рўи ҳавлиро монда, ба ҳоҷатхона даромаду чуқур нафас кашид.

*Он, ки аз гузаштаи худ огаҳ нест, оянда надорад.

*Дар пеши аблаҳ рўятро тира бигир, вагарна ба ту хира мешавад.

*-- Биё, ҷўра, як каме гап-гап карда шинем.
-- Не. Як даме хап-хап шинем, беҳтар!

*Пир шудам. Афсўс, сер нашудам… Аммо дер шуд!

*Ҳамсари як рафиқамро қадаш дароз аст, завҷаи дигареро забонаш.

*Мушеро, ки парвоз мекунад, кўрмуш меноманд, ки он ба хуршед нафрин дорад.

*-- Саломатиатон чӣ хел аст?
-- Аввал бипурс, ки ба чанд даромадӣ?
-- Хуб. Чандсола шудӣ?
-- Шастсола. Аз шаст, ки гузаштӣ, мапурс, куҷоят дард мекунад. Бигў, ки куҷоят дард намекунад?

*Аз Худо матарс, аз худ битарс!

пешина
аз 208
навбатӣ