Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Он қадар дар ғайб сиёҳам кардаанд, ки ба диданам чашмони роҳбар тип-торик шудааст.

*Во аҷаб зишт оне, ки сиёҳии дили ў дар рўяш аён шуда!
Чӣ хушо зист оне, ки сапедии рўи ў бар дилаш асар карда!

*Ба ҳар панде, ки рафтагон ба ёдгор гузоштаанд, ибтидо худ эҳтиёҷ доштанд.

*Худои мутаол агар медонист, каломи офаридааш ин қадар хор мешавад, ба ҳарзагўй забон намедод.

*Дар миёни тоҷикон бекастарин онҳоеанд, ки дар даврони истиқлолият ба ў мансабеву мақоме нарасида бошад ва беҳунартарин ононанд, ки китобе нанавишта бошанд.

*Имрўз кўрон китобнавис шудаанду карон ҳофиз.

*Дар дави олимпӣ ланг аз ҳама пеш гузашт.

*-- Эҳ, афсўс, пир шудам!
-- Не, Шумо ҳоло ҷавонед, устод! Фақат ҳамин ки сину солатон ба ҷое расидааст.

*Шўҳрати Ўро бо ин ҳама ҷавонӣ он қадар боло бардоштаанд, ки аллакай барои мўмиё тайёраш кардаанд.

*Дар паси подшоҳ ғайбат, дар пеши подшоҳ хушомад.

*-- Бисёр филми аҷоиб! Як лаҳзааш ба ман хеле писанд афтод!

пешина
аз 208
навбатӣ