Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Нашъае дорад зи тамъи неку бад,
Бар вазирону кабирон мерасад».
Он ду Келин, ду писар аз хилвате,
Пой мекўфтанд аз бетоқатӣ,
Гўш дода, лаб газинданд аз шигифт,
Бим дар дилҳояшон маскан гирифт.
Зан ҳамон бар корашон тадбир кард,
Зуд хавфи ҷонашон раҳгир кард.
Ҳеҷ ногуфта ба занҳои гузар,
Роз бинҳуфта зи занҳои дигар,
Бо ҷасорат, ҷон ба каф, нокарда дер,
Рафт бар дарбори шоҳ, назди Вазир.
Он Вазири покдил бишнохташ,
Шодмон сар дар қадам андохташ.
Марди оқил буд, Марди адлу дод,
Дошт ақлу ҳуши Занро эътимод.
Гуфт: «Бигзораш, ки афтодат гарон!
Хок бишмор, эй ту ин рози ниҳон!».
Дарзамон бистонд он сандуқи зар,
Ҷон раҳид ин хонадонро аз хатар…
Бахшида ба 20-солагии
Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
БАҲРЕ, КИ МЕХУШКИД
ВА КИШТИЕ, КИ ФУРЎ
МЕРАФТ…
МАНЗУМАИ ТАМСИЛӢ
ДАР ҲОШИЯИ НОМУ ХИДМАТҲОИ МАЛЛОҲЕ,
КИ КИШТИРО НАҶОТ БАХШИД
ОҒОЗ
Ҳар чи мардум дидаву бишнуфтаанд,
Бо тарона, бо фасона гуфтаанд.
Аз сари дунё садое чун расид,
В-он яке аз қаъри дунёяш шунид.
Дуриҳое бар шитоби нур чист?
Ҳар масофа бар садоҳо дур нест.
То ба гўшу дил нидо бинвишта шуд,
Парда-парда дар фазо бинвишта шуд.
В-он нидо бар қарнҳо хоҳад расид,
То фалак овози мо хоҳад расид.
Дар фазо овозҳо мирад агар,
Чун расад аз гўш бар гўше хабар?
Гар нидо аз ғайб ҷо дар дил шавад,
Гўши моро ҳар садо ботил шавад.
Аз паси парда расад чун он нидо,
Гўшро як мў наларзад пардаҳо.
Он нидо хотир ба афсун мекашад,
Низ дил аз сина берун мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё