Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Онҳо ҳатто розиянд, ки зани дуюму сеюми марде шаванд, чӣ фарқ дорад, пиранд ё ҷавон, рўзгори хонаводаро саришта карда тавонанд, бас. Аммо чӣ илоҷ, ки дар бахти тираи занони деҳот аз ҳамон зормонда мардҳои талабгор ҳам дарак нест! Аксар занони хонадору баччаю качадорро бошад, шавҳаронашон партофта, ба Россия мардикорӣ рафтаанд. Ана ҳамин аст аҳволи занону модарони имрўзаи деҳот!»
Аз бехи буттае кабке питирросзанон ҷаҳиду Зумуррадро аз ҷой як қад парронд. Кабк дур парвоз накард, қадаме онсўтар аз Аскар рафта, дар паси кундаи дулонае панаҳ бурд. Аз дидани кабк шодию ҳаяҷони Аскарро интиҳо набуд! Ў яқин медонист, ки кабк аз тефаш захмин аст ва баланд парвоз карда наметавонад. Аз ин рў, фурсати муносибро аз даст надода, халтачаи сангҳоро як сў гузошту, хапу хомўш қадамҳояшро канда-канда пеш рафт.
Хам шуда, саросема худро болои кабк ҳаво дод ва хоку хаси кундаро чанг зада гирифт. Кабк раҳо хўрду боз питирросзанон ҷаҳида дар буттаи дигар нишаст. Аскар ин дафъа кўлоҳашро аз сар гирифт. Онро мисли қаиқи чаппагардон дар кафаш дошта, ҳамоно беэҳтиёт қадамзанон дунболи кабк рафт. Вале ба чанг даровардани ин паррандаи ҳушёру чолок осон набуд. Аскар ҷуссаи вазнинашро кашолакунон кўз-кўз қадам мемонду кабк яктефа гоҳ болою гоҳ поён меҷаҳид, гўё Аскарро қасдан фиреб дода, бозӣ медоронд. Аз хастагӣ ҳашшасзанон беист нафас мекашид Аскар, аз сару рўяш арақ мешориду рўяш аз ғазаб тира гашта буд, аммо аз раъйяш намегашт. Аз даст додани чунин сайди муфтро ў барои худ шармандагӣ меҳисобид.
Сайид ва дар сари ёла ҳама тамошобин буданд: Султонзода, Санавбар, Қодиру Усмон.
Султонзода лаҳзае аз он манзара чашм наканда, овоз баровард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё