Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ҳой, Аскар! Ҷони сияҳ накан! Аздусар қапида наметавонӣ!
Ва аз беқарорияш маълум буд, ки ў низ майле дорад, худро қад-қади ёла сар дода, ҳамроҳи Аскар кабкро аз гирду пеш иҳота карда, ба чанг дароранд. Бо ҳамин андеша қадаме чанд лағжида пойин фуромад.
Дар он лаҳза барои Аскар фурсати қулайе даст дода буд, ки агар чолокиро аз даст надиҳад, метавонад сайдро ба дом афтонад. Ҳамин ки кабк гурехта, дафъатан ба бехи буттае даромаданӣ буд, ў кулоҳашро баланд бардошта сўйи кабк ҳаво дод ва ҳамзамон худро ба болои кулоҳ афканд.
-- Қапидӣ?! Нақапидӣ?!—сахт дар ҳаяҷон афтида, нидо баровард Султонзода.-Эҳ! Нақапидӣ!? Ана, парид рафт!!!
Кабк, ки ба гумони Аскар дар таҳи кўлоҳ монда буд, ҳамон лаҳза хез зада худро дар бехи бутта гирифт ва аз он тараф тирвор ҷаҳида баланд парвоз карду сўйи дара пар кушод ва дар як дам аз назар ғойиб шуд.
Аскар аз ғояти хиҷолат ва хастагии зиёд обу арақи рўю гарданашро бо кўлоҳ пок карда, бо сари кашол ба ҷойи худ баргашт. Қавоқ андохта, гўё қасдашро аз Зумуррад гирифтанӣ буд, норозиёна ба ў нигарист ва бо ҳамон дилтангии ба худ хос таъна зад:
-- Аз таҳи биният парида гузашту нақапидӣ! Ба ҷойи ту ягон мардина мебуд, аз ҳаво дошта мегирифташ! Э даҳанвоз! Ҳар чи ҳам набошад, ҷинси зан, паршикаста
–да!
-- Кабкро дошта чӣ кор мекунед, ако?— озурдахотирии худро пинҳон дошта пурсид Зумуррад.
-- Эҳ! Ҳоло ҳам намедонӣ, ки кабкро дошта чӣ кор мекунанд? Ту чӣ хел духтари кўҳистон? Дар хонаатон кабк надоред?
-- Охир, дар хонаи мо ҳама зан. Кабкро чӣ кор мекунем?
Аскар нобоварона ба ў нигарист.
-- Шумо чанд нафар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё