Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
«Дарвоқеъ, Аскар рост мегўяд,-- аз дил гузаронид Зумуррад.—Гурўҳи дуюм аллакай девори ёларо хазида, хеле пеш рафтааст! Гурўҳи онҳо бошад, ҳанўз дар поён, ҳамагӣ 50-60 қадам роҳро паймудааст. Эҳ, агар Сайид дар бараш мебуд, шояд то ин дараҷа қафо намемонданд. Бо ин Аскар касро хуши кор кардан намеояд!»
Бо вуҷуди ин, Зумуррад дар дил кинае надошт нисбати Аскар. Аз чӣ бошад, сахт намерасид ба вай суханони таҳдори ин ҷавонмарди соддалавҳу зудбовар, ки ҳамчун каси наздик аз рўйи одат ҳамеша зуқ-зуқ карда рўирост мегуфт гапи дилашро. Ба назари ў аз кинаву адоват дида, бештар оҳанги насиҳату маслиҳат доштанд ин суханон.
-- Аз ман хафа нашав, Зумрат! Агар ту хоҳари манфарзанди падарам мебудӣ, оё мемондам, ки дар ин офтоби сўзони кўҳистон, дар миёни хору хасу мору каждум, дар бораҳои лағжонаки хавфнок хазида, рўз то бегоҳ сангча ҳисоб кунӣ? Медонам, аз густохиям қаҳрат меояд, малол мешавӣ, аз он, ки беибо , рўирост мегўям гапи мегуфтагиямро, ки ҳамеша дар нўги забонам аст.
Рафту хуб андеша карда аз ман бипурсӣ, ки: «Пас, чӣ кор кунам, ако, ки чор соли умрам дар Донишгоҳ гузашт!» Ман ба ту ҷавоб медиҳам: «Ҳоло ҳам дер нашудааст, бирав қишлоқ, ба ягон ҷавони муносиб ба шавҳар баро, ба тарбияи бачу кач машғул шав, дару хонаи як бачамардро обод бикун!»
-- Ҳмм… Ба гуфтан осон!—аз дил мегузаронид Зумуррад.—Гўё ки ин гапҳоро мо, духтарони тоҷик намедониста бошем! Фарз кардем, гапи туро гирифтаму бо умеди шавҳар кардан омадам ба қишлоқ. Пас, ку он йигит, он ҷавонмарди «чор кас медидагӣ», ки барои хостгорӣ дари ҳавлиямонро бикўбад? Охир, Аскар аз куҷо медонад, ки мо дар оила ҳашт нафар духтаронем, ҳоло шавҳар кардан навбати ман нест! Се апаам то ҳол ҷуфти муносиби худро наёфтаанд! Ман духтари қадраси чорум. Ин рўзи сиёҳ –беваю бечорагии занон фақат дар хонаводаи мо нест. Дар қишлоқи мо, дар деҳаҳои ҳамсоя пуранд духтарони қадрасе, ки мисли апаҳои ман сину солашон аз сию чил гузаштаасту то ҳол шавҳар накардаанд-бо умед роҳи хостгоронро мепоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё