Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана ҳамин аст суханони ў, сўҳбатҳои ў, ки борҳо Зумуррад аз вай шунидааст!
Инак, Аскар аз рўи одат ва «ҳақи устодӣ» ба вай ким-чиҳо гуфта мефаҳмонду Зумуррад дам назада, барои чуқурча кофтану намунаҳо интихоб кардан хаму рост мешавад. Вай ҳамагӣ ду донаи хурдакак аз сангчаҳои дар кафаш буда интихоб карду дар халтача андохт. Нўги зоғнўл ба девори сангини бора зад, чуқурчае кофт. Як каф регу гил ва сангрезаҳо берун омад; бо ғалбере, ки болотари бора, дар рўйи сангпораҳо ниҳода буд, регу гилро бехта, барои намуна ҷудо намуд; халтачаро аз нисф зиёд бо сангчаҳои интихобӣ пур кард.
-- Рақами 5.
Аскар, ки болои сараш рост истода, муғамбирона ба ҳаракатҳои ў зеҳн мемонд, як пора коғази қатшудаи тўмормонандро ба сўяш дароз кард.
-- Ма, гир! Рақами 5!
Зумуррад онро даруни халтача гузошта, даҳони халтаро бо ресмон печонда маҳкам баст.
Аскар халтачаро бо ситеза аз дасти ў кашида гирифта, ба халтачаи калонтар, ки кашола карда мегашт, андохта норозиёна ғур-ғур кард:
-- Тез ҷунб! Дигарҳо аллакай рақамҳои понздаҳу бистро тай карданду мо бошем, акнун ба рақами панҷ расидем!
Зумуррад боз дам назад. Ба боло нигарист. Дар сари ёла Султонзода ҳамоно бо Санавбар рост истода, дар чӣ хусусе гарм сўҳбат мекарданд ва Санавбар гоҳ-гоҳ завқ карда қиқирросзанон механдид. Дар бари онҳо Усмон бо болға санг шикаста, намунаҳо барои ташхиси лабораторӣ интихоб мекард. Болотар аз онҳо Қодири геолог хати ҳаракати ҷустуҷўии аксбардориро бо таноб андоза мекард.

пешина
аз 208
навбатӣ