Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аз дидани ин ҳодисаи ногувор, ки оқибати фалокатборе аз пай дошт, Султонзода сахт барошуфта буд.
-Ҳе, Аскар-е!-ба ҳама шунавонида ба таври худ ба сарзаниш даромад ў.- Ба ту гап фаҳмондан мушкил будааст! Охир, ту мисли Зумурраду Сайид, Санавбару Усмон донишҷў, шогирди ман мебудӣ, медонистам, чӣ кор кунам! Аммо ту геолог ҳастӣ, мисли ман ба таҷрибаомўзон кор ёд медиҳӣ, сабақ меомўзӣ! Намешавад, ки дар назди шогирдон бо ту сар ба сар шавам, гапҳои пасту баланд бизанам!».
Бо ҳамин гилагузориҳо худро назди Аскар расонду дигар овоз баланд накард, балки аз рўи одат бо таҳаммул, бо тамкин хоҳиш намуд, ки ў бо Сайид ҷой иваз кунанд. «Шогирдамон-Сайид ба баландӣ баромада, тарҳи лоиҳавиро андоза мегирад,—гуфт Султонзода.—Ту дар бари ана ин духтари нағз, шогирди аълохонамон-Зумратҷон истода, ба вай кор ёд медиҳӣ.
Ҳаминаш беҳтар».
Баъди чунин ранг гирифтани муносибат дар ҳузури устод-геолог Аскар будан гаронӣ мекард ба Зумуррад.
Дили вай ҳамсабақаш Сайидро мехост, ки доимо дар бараш буд. Сўҳбати гарму ширине дорад Сайид. Аскар баракс, агар хушаш наояд, соатҳо бо кас гап намезанад.
Рафту сухане, сўҳбате дар миён оварӣ, даррав ба шикоят сар мекунад.
«Ҳой, Зумрат! Ту чаро дар ягон мактаби дигар нахондӣ?! Мана, масалан, ба мактаби духтурӣ ё муаллимӣ, журналистӣ, ҳатто ба мактаби милисагӣ медаромадӣ, беҳтар набуд? Охир, духтари қишлоқро кӣ мондааст, ки геолог –инженер ё устои кон шавад?!».
«Ба ростӣ, дилам месўзад ба ту, Зумуррад, нангам меояд, вақте ки ба ҳоли ту назар меафканам! –истодаистода боз «сарзаниш» мекунад ин Устоди геологаш- Охир, туро дар ин сару либос, ки мисли марзбонон мўзаҳо дар пой, либоси сабзранг дар бар, кўлоҳи васеи сояафкан дар сар кардаиву мисли моҳигирон борхалтаи саҳроӣ дар пушт ва мисли мардикорон болғаю зоғнўл дар мушт дорӣ, аз ҷавонписар фарқ кардан душвор аст!..».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё