Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо афсўс, Сафарбек кореро, ки дилаш мехост, натавонист ба субут расондан, мақсадеро, ки дар пеш гузошта буд, имкон дасташ надод ба ҷо овардан, хуллас, «зўраш» нарасид» Аскарро «тарбия кардан», ба роҳи шинохти худу зиндагӣ андохтан..
Дунёи ботини Аскар муаммое буд барои Ҳоҷӣ Сафарбек; ҳар қадар ба вай наздикӣ меҷуст, ҳамон қадар душвор буд барояш дарки ин дунёи ботин, хонаи торикеро мемонд дили нозуки Аскар; барои Сафарбек осон набуд сидқан бо вай созиш кардан ва саҳл набуд батамом тарки ў гуфтан…
Аз байн рўзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузаштанду Сафарбек медид, ки дўсташ торафт камгап, торафт харобу хазон ва хастаю дилгир аз оламу одам мешуд; пайваста менўшиду пайваста маст буд, пайваста маст буду ҳаргиз тарки шароб намекард; бештар танҳо менўшид, танҳо мегашт, танҳоӣ меҷуст; дигар мисли пештара касеро маслиҳате намедод, касеро насиҳат намегуфт, ба маслиҳати касе, ба насиҳати касе ҳам гўш намекард; ба касе кор надошт ва намегузошт, касе ҳам ба вай кор бигирад; рози дили касеро намешунид, ба касе рози дил намегуфт… Ба ҳеҷ кас бовар надошт, ҳама ба вай бегона менамуд….ба ҷуз як нафар.
Танҳо нафаре буд, ки Аскар ба вай унс гирифта буд; иҷозат дошт, рози дили Аскарро шунидан; Танҳо нафаре буд, ки Аскар ба вай сидқан эътимод дошт; Ва он як нафарро Сафарбек пештар аз дигарон барои худ «кашф» карда буд: Зумуррад. Ҳамдеҳаи ў-аз Харангон, духтари худораҳматӣ Мармар, хоҳари Гавҳар.
Ба Сафарбек аён гашт, ки Аскар гузаштаи талхи худ, мусибату кулфатҳои дар гузашта ба сараш омадаро аз ғояти якравию хунсардӣ ба касе нагуфтааст, ҷуз ба Зумуррад.

пешина
аз 208
навбатӣ