Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар баромадгоҳи Душанбе, вақте ки ба «Километри 9-ум» наздик расида, аз шафати бозору мағозаҳои қатор мегузаштанд, Аскар, дар ҳоле, ки дандонҳояшро аз ғазаб ғиҷиррос мезанонд, амр дод:
-Нигаҳ дор!
Суръати мошин якбора паст хамиду дар як гўшаи роҳ қарор гирифт. Аскар бо пой як лагад зада, курсии бари ронандаро чаппагардон кард; дари мошинро кушода, лағжида фуромаду мисли хоболуде карахту беёд ҷониби мағозаҳо роҳ пеш гирифт.
Сафарбек аз ҷайб телефони мобилияшро бароварда, ба Файзулло занг зад. Ҷиянашро хабар дод, ки ў имшаб ва ё шояд, шаби дигар, ба хона барнамегардад, кори зарур дорад. Ва ҳамзамон аз Файзулло хоҳиш кард, ки ў ба ҳеҷ куҷо наравад, шабро дар ҳавлии онҳо гузаронад, апаю хоҳарзодаҳояшро танҳо намонад.
Сипас, берун баромад, бо як гўшаи чашм кандаканда поймониҳои Аскар ва он сўтар, дўкони машруботи сари роҳро, ки Аскар рост ба қасди он пойҳояшро кашола карда мерафт, ба мушоҳида гирифта, андешамандона пасу пеш қадам задан гирифт.

  • Ҳоло баргашта биёяд, ин дафъа ҳамаи гапро, албатта, ба ў мегўям, -аз дил гузаронд Сафарбек.-Рўирост мегўям, ки: «Чӣ дард дорӣ, ҷўра, ки ин қадар менўшӣ?!
    Барои ҳамон занат?! Ҳеъ, беақле! О, навакак чашмонатро пўшидаву ашки шашқатор рехта, ин дард-ин заҳрро фурў бурда будӣ-ку! Пас, бар болои заҳр заҳр хўрданат чӣ маънӣ дорад?! Бас кун, дигар ба даҳан нагир ин арақи сабилмондаро! Ба якборагӣ даст бикаш, аз ин одати хунук, бовар накун, ба он, ки мегўянд: «Камаш ба саломатӣ фоида дорад».. Не, заҳр чӣ каму чӣ зиёд, заҳр аст!»
    Дар ин асно Аскар як пал-як пал қадам ниҳода, акнун ба назди дўкони машрубот расида буд ва аз шафати дўкон ба дари кушодаи он, ки аз паҳлў менамуд, тоб хўрда даромад.
    «Баъдан, чун ба роҳ дароем,-боз аз дил гузаронид Сафарбек,-дар бораи зиёни шароб ҳам аз таълимоти дини мубини ислом ва ҳам аз илми тиб мисолҳо оварда, ба вай нағзакак мефаҳмонам, то ки шояд ба гапам гўш диҳаду аз ин роҳи хато батамом баргардад.
пешина
аз 208
навбатӣ