Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аскарҷон, кӣ дорӣ аз қавму авлоду хешу табор? Падар, модар, акаву додар, апаву хоҳарат ҳаст? Онҳо ҳама сиҳатанд? Бардаманд? Соқу саломатанд? Тинҷӣ ҳаст дар хонаатон?...».
Бо ҳамин андешаҳо нигаҳе дуздида ба оинаи рў ба рў афканд; акси Аскар, ки карахту беёд дар курсии қафои мошин менишаст, бараъло менамуд. Ба назари Сафарбек чунин намуд, ки рўи вай аз қаҳру ғазаб, аз дарду алам сип-сиёҳ, лахча барин шудааст. Мисле, ки як каф заҳрро фурў бурда бошад.
-Эҳ, Аскар!-ниҳоят ҷуръат карда лаб ба сухан кушод Сафарбек.-Чӣ худро ин қадар мекоҳонӣ, ҷўра?! Пештар аз ин-ку, як гапи ноҷоро аз даҳани як каси шумдаҳан мешунидӣ, даррав алов барин дар мегирифтӣ. Ҳоло мебинам, ки дар як дам, дар як нафас аз заҳри забони як шумхабари оқипадар сўхтаву хокистар шудаӣ…
-- Ҳм!.. Хокистар гуфтӣ?!- ғурунгос зад Аскар.- Ғалат гуфтӣ, Ҳоҷӣ! Хокистарро бо чашм дидан мумкин, каме ҳам бошад, гармӣ-ҳарорат дорад хокистар, онро дар каф мегиранд, чошу пош медиҳанд… Аммо ман дудаам, дуда! Гарди хокистар! Дудае, ки як ваҷаб, сип-сиёҳ дар мўрии тангу торики ин замона, дар димоғи мансабдорону мансабталошони ҷоҳил дармондааст! Дудае, ки бо як афшондан, бо як пуф кардан онро сабук хезонда, дар ҳаво бозӣ медоронанд, дар осмон чарх занондаву ахиран кӣ медонад, ба кадом чуқурии бетаг, ба кадом гўрў лаҳад бурда мепартоянд! Мо дар ин ҷамъият ҳеҷ касем, ҳеҷ кас, Ҳоҷӣ! Э, бар падараш наълат!!!
Сафарбек пай бурд, ки дар чунин лаҳзаҳое, ки суханони нафратбори Аскар бо ҳақорат анҷом меёбад, дигар ба вай гап задан, насиҳат кардан фоида надорад, вай дигар гўш намениҳад ва балки андаке беэҳтиётӣ кунӣ, гашта худи туро ҳақорат медиҳад…

пешина
аз 208
навбатӣ