Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар дарси гузашта, мо бо шумо чӣ гуна маълумот ба рафтори инсон таъсир мерасонад, омӯхтем, Инчунин фаҳмидем, ки на ҳама вақт ба ҳама чизҳое, ки
дар Интернет нашр ва навишта шудааст, дар телевизион намоиш дода ва гуфта
шудааст бовар карда мешавад. Имрӯз мо чунин маҳфумҳоро, аз ҷумла фактҳо ва
ақидаҳоро дида мебароем, ки онҳо дар воситаҳои ахбори омма дар чӣ шаклҳо
меоянд, барои чӣ, ва чӣ гуна фарқ кардани онҳоро низ меомӯзем. Мо чӣ будани
тафаккури интиқодӣ ва чӣ гуна малакаҳо ҳангоми кор бо ВАО лозим аст, дида мебароем..

ҚАДАМИ 1. ба хонандагон савол додан, ки онҳо «Тафаккури интиқоди»-ро чи тавр мефаҳманд.
Ҷавобҳои донишҷӯёнро гӯш кунед, сатҳи омодасозии хонандагонро барои мавзӯъ баррасӣ кунед
ҚАДАМИ 2. Пешниҳоди вазифа: (5 дақиқа)
МАСЪАЛА:
Нурбек дар танҳоӣ кор карда, дар давоми 2 соат сабзазорро паст карда метавонад, дар ҳоате, ки
бародараш Канибек барои ин 4 соат сарф мекунад. Агар онҳо якҷоя кор кунанд чанд соат вақт
меравад?
(ба донишҷӯён 2-3 дақиқа барои баён кардани фикру ақидаҳояшон вақт диҳед, бе шарҳи ҷавоби
дуруст ва онҳоро ба қарори дуруст водор накарда).
Пас аз ин, муаллим бояд ба роҳи нодурусти фикрронии донишҷӯён диққат диҳад.
Бисёр донишҷӯён фикр накарда формулаи маъмули медонистаашонро барои ҳисоб кардани
арифметикаи миёна истифода мебаранд. Онҳо 2 ва 4-ро ҷамъ мекунанд ва ба 2 тақсим мекунанд,
дар натиҷа, агар бародарон якҷоя кор кунанд, 3 соат лозим мешавад, гуфта ҷавоб мебароранд.
Танҳо чанд нафаре диққат медиҳанд, ки ин ҷавоби нодуруст аст, оё агар онҳо якҷоя кор кунанд, ба
онҳо бештар аз кори як нафар вақт меравад!
Чаро донишҷӯён чунин хато мекунанд? Сабаби ин он аст, ки онҳо ба механизмҳои истифодаи
формулаҳо омӯхтанд. Онҳо таълим нагирифтаанд, ки барои муайян кардани он, ки чӣ гуна ҷавоби дуруст бояд дошта бошад (дар ин ҳолат, камтар аз 2соат) вақти лозим аст. Онҳоро ба усулҳои
ҳалли пайвастаи масъалаҳо намӯзондаанд. Онҳо таълим нагирифтанд, ки то чӣ андоза ҳушёр
будан муҳим аст. (Дар ҳолате, ки хонандагон (донишҷӯён) хоҳиши ҳалли ин масъаларо фаҳмидан
мехоҳанд ва худашонро санҷиданӣ мешаванд, пас ҷавоби дуруст 1 соату 20 дақиқа аст).
Бисёр вақт мо бо изҳороте рӯ ба рӯ мешавем, ки баъзе ба назарамон камбудие доранд. «Дар ин
ҷо чӣ шубҳаовар аст» - мо фикр мекунем, ки дар ин ҳолат аз ин изҳорот дур мондан беҳтар аст.
Барои фаҳмидани он ки чӣ нодуруст аст, малакаҳои тафаккури интиқодӣ ба мо кӯмак мекунад
барои ин танқид ва далелҳои худро пешниҳод кардан лозим аст.
(ба донишҷӯён 2-3 дақиқа барои баён кардани фикру ақидаҳояшон вақт диҳед, бе шарҳи ҷавоби дуруст ва онҳоро ба қарори дуруст водор накарда).
Пас аз ин, муаллим бояд ба роҳи нодурусти фикрронии донишҷӯён диққат диҳад.

пешина
аз 126
навбатӣ