Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

4.1 ХУСУСИЯТҲОИ БОЛИҒШАВИИ НАВРАСОН

Одатан синну соли наврасӣ аз 11 то 16 муайян карда шудааст (дигар фикрҳо низ вуҷуд доранд). Дар ин вақт гузариш аз синни кӯдакӣ ба болиғӣ ҳамаҷониба – ҷисмонӣ (конститутсионалӣ, физиологӣ, шахсӣ (ахлоқӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ) гузариш ба вуҷуд меояд. Дигаргуншавӣ ба ташаккули ҳамаи сохти мағзи сар низ таъсир мекунад, дар натиҷа, рушд ва ташаккули шахсият дигаргуниҳои зиёдро таҳаммул мекунад. Ҳолати системаи асаб дар таъсири ғадуди тарашшӯҳи дохилӣ қарор мегирад. Дар наврасон хусусиятҳои хашмгинӣ, қаҳролудӣ, тез монда шудан, вайроншавии хоб хос мебошанд. Наврасон нисбати қарорҳои беасос, ба амалиётҳо хело ҳушёр мебошанд. Таъсири берунаи ангезандагони қувваҳои манфӣ ба характери онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Наврасон ба баҳодиҳии калонсолон хеле ҳассос буда, маҳдудкунӣ ё паст задани шаъни худро сахт қабул мекунанд, насиҳатро тоқат карда наметавонанд, алалхусус насихати дуру дарозро. Ноустувории оташинӣ ва ифротӣ, якравӣ ва тундӣ, ки ба бешармӣ бурда мерасонад – ин хусусияти синну солӣ буда, дар натиҷаи тӯфони инкишоф дар ҷисми наврас ба вуҷуд меояд.
Азнавпайдошавии марказии равонӣ дар ин синну сол ҳисси ба худ хоси болиғшавиро ташаккул медиҳад. Болиғшавии ҷисмонӣ ба мактабхон ҳисси болиғиро медиҳад, аммо ҳолати иҷтимоӣ ӯ дар мактаб ва дар оила тайғир намеёбад. Дар ҳамон ҳолат талош барои шинохтани ҳуқуқҳои худ, мустақилии худ, ки бевосита ба нофаҳмии байни наврасон ва калонсолон мебиёрад оғоз мешавад. Гоҳ гоҳ рӯбарӯ шудан бо ҳақиқатҳои ҳаёт, наврасонро ба асабоният ва ба рафторҳои беандеша мебарад. Синну соли аз 11 то 16 беасос синни хатарнок мегӯянд.
«Хатарнок» - ии онро бо суръат бо дигаргуншавии физиологӣ, пеш аз ҳама дигаргуниҳаи қатъӣ дар рӯҳияти наврас, ки баъзан куллан дигар шудани рафтор, шавқҳои пештара, муносибатҳо мебиёрад пайдо мешавад. Дар синни наврасӣ мухолифатҳои ботинӣ низ ҷо доранд, ки дар таъсири иваз шудани рӯҳия, талабот ба дӯстон ва шавқҳо, муносибатҳо ба вуҷуд меоянд.
«Нуқтаҳои хатарноки» синни наврасӣ
Падарон ва фарзандон. Муаммои ҳамдигарфаҳмӣ байни волидайн ва фарзандон. Барои онҳоро нафаҳмидани волидайн наврасон дағалона рафтор мекунанд, нигоҳи падару модарро онҳо кӯҳнашуда мешуморанд.
Маммоҳои ҷинсӣ. Болиғшавии ҷинсӣ ҳар гуна мегузарад: баъзеҳо аллакай омода ҳастанд, ки бо ҷинси дигар алоқа кунанд, дигарон ҷиддӣ қабул намекунанд. Ҳудуди дигар муаммо – алоқаи ҷинсии бармаҳал. Ба кӯдак боварии волидайн зарур аст, ба саволҳои нозук хеле эҳтиёткорона наздик шуда, аз оқибатҳои манфии алоқаи ҷинсии бармаҳал эҳтиёт кардан вазифаи волидайн мебошад.
Аз намуди зоҳирии худ қаноатманд набудан. Наврас ба намуди зоҳирии худ аз назари танқид нигоҳ мекунад. Ҳолати ҷисмонӣ ва намуди зоҳирӣ – муаммои асосии ноқаноатмандӣ аз худ мебошанд, ки дар наврас ноустуворӣ, бадқасдӣ ва нобоварӣ ба муҳити атроф пайдо мешавад.
Ҳама чизро чашидан. (Пройти через всё). Наврас мехоҳад ҳама чизро чашида бинад. Бо сабаби ин хоҳишҳо муаммоҳо бо маводҳои ҳалокатовари манъкардашуда (тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, мавоҳои мухаддир), алоқаҳои ҷинсӣ, дигар рафторҳои номуносиб) ба миён омаданш мумкин аст.
Муаммои маънавӣ. Синни наврасӣ бо нигоҳи чуқур ба ботини худ менигарад. Наврас мехоҳад шахсияти худро, тарафҳои пурзӯр ва сусти худро фаҳмад. Қаноатманд набудан аз хислатҳои характери худ хеле сахт буда, мумкин аст сабаби тарсҳо, ҳолатҳои шилқинӣ, ҳатто майли худкушӣ бошад.

пешина
аз 126
навбатӣ