Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

Барои равоншиносон ва омӯзгорони системаи маориф фаъолияти калидӣ - мавҳуми саломатии равонӣ мебошад, ки беҳбудии эҳсосотӣ ва маърифатӣ, рушди хулқ дар ташаккули шахсият, ҳолати асабӣ-равонии кӯдакон ва наврасонро дар бар мегирад. Ба ин ҳолат расонаҳои технологии муосир илова шуда ба ҳаёти наврасон ҷиддан ворид шудааст.
Кӯдакони замонавӣ, гӯёки «бо донистани истифодабарии компутер таваллуд мешаванд». Ба ғайр аз ин бо воридшавии стандартҳои нави таълимӣ мактабҳои замонавӣ аз моделҳои таълимии муқаррарӣ дур шуда истодаанд, акнун кӯдакон бояд маълумотҳоро худашон дарёфт кунанд. Дар айни замон Интернет аслиҳаи ивазнашаванда барои донишомӯзӣ шуда истодааст. Интернет беҳтарин сарчашмаи донишҳои нав буда, дар илмомӯзӣ кӯмак мекунад ва фазои фароғатиро пур мекунад. Аммо баробари ин, кӯдак омӯзонем, ки ба маводҳое, ки тавассути Интернет дастрас ва истифода мебаранд бо назари танқидӣ нигоҳ кунанд.
Дар навраси замонавӣ барои вақти худро хуш гузаронидан имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошад, аммо Интернет байни онҳо ҷои махсусро ишғол мекунад. Шабака дар кӯдакон ва наврасон воситагии ҷисмонӣ не балки воситагии равонӣ пайдо мекунонад. Барои чӣ ба таъсири Интернет гирифтор шудани наврасонро фаҳмидан, хусусиятҳои ғайриоддии ин синну солро дида баромадан зарур аст.

пешина
аз 126
навбатӣ