Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

Дар қисми аввал – «Хусисиятҳои ба балоғат расидани наврас» - оиди дигаргунии биологӣ гуфта мешавад, ки дар наврас дигаргуниҳои физиологӣ пайдо шуда ба рӯҳияти вай таъсир мекунад, мухолифат дар шахсияти наврас дида мешавад, талаботҳои ӯ, хусусияти муошират бо ҳамсолон ва калонсолон навишта шудаанд. Дар қисми дуюм – «Душворҳо дар балоғат расидан», муаммоҳои рӯҳафтодагӣ ва ҳолатҳои даст задан ба худкушӣ таҳлил карда мешаванд. Дар қисми сеюм

  • «Олами расонаҳо ва наврасон» - хусусияти фаъол истифода бурдани расонаҳои муосир аз тарафи наврасон, баъзе хатарҳои он пешниҳод мешаванд.
    Дар қисми чорум – бо кадом сабабҳо наврасон дар шавабакаҳи иҷтимоӣ муошират карданро дӯст медоранд, нишонаҳо, ки аз интернет вобаста мешаванд гуфта мешавад.

Дар ин боб инчунин, инчунин натиҷаи пурсиш байни хонандагони синфҳои болойи шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй оварда шудааст. Синну соли талабагони мактаб – аз 14 то 17 сола мебошад. Дар доираи лоиҳаи МИГ дар 7 мактаби Бишкек ва дар 3 мактаби Чуй пурсиш гузарониаа шудааст. Мақсади пурсиш аниқ кардани сатҳи истифодаи захираҳои расона аз тарафи хонандагони синфҳои болой буд. Дар пурсиш 353 хонандагони синфҳои 9,10,11 иштирок доштанд. Нисфи пурсидашудагонро духтарон, нисфи дигарашро писарон ташкил карданд. Пурсиш дар шакли пур кардани анкетаҳо гузаронида шуд. Мактабҳоро аз ноҳияҳои гуногуни шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй интихоб карда буданд. Дар ҳамаи мактабҳои шумораи як хелаи хонандагон пурсида шудаанд. Пурсиш аз 4 то 29 апрели соли 2017 гузаронида шуд.
Бӯҳрони глобалии умумҷаҳонӣ тамоми давлатҳои ҷаҳонро дар бар гирифта, инчунин ҳамаи соҳаи инсоният таъсир расонид. Ҷараёни пурзӯри маълумотҳои нав, истифода бурдани технологияҳои компутерӣ, паҳншавии бозиҳои компутерӣ ба муҳити тарбияи кудакон ва наврасони ҳозиразамон таъсири калон мерасонад. Ташкили муҳити тарбиявӣ – шароити зарурӣ дар ташаккули шахсияти кӯдакон на дар дохили муассисаҳои таълимӣ берун аз он низ ба роҳ мондан аст. Шакли фароғатии кӯдакону наврасон низ куллан тайғир меёбад, чунончи компутер дар худ имкониятҳои пайвастагӣ бо телевизор, DVD, маркази мусиқӣ, китоб ва ғайраҳо дорад.
Дар шароити мактабҳои муосир хонанда – наврас хеле бо барномаҳои мактабӣ банд буда, аз онҳо кӯшишҳои равонӣ ва ақлониро талаб мекунад, ки дар давоми ҳаёти мактабӣ ба баъд шудани вазъи умуми саломатӣ мебарад. Дар рушди шахсияти кӯдак танҳо бо вазъи умумии саломатии кӯдак вобаста мебошад, онро Ташкилоти байналхалкии саломатии омма муқаррар кардааст, ки он дар солимии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдак инъикос меёбад.

пешина
аз 126
навбатӣ