Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернетро дар умум дашном медиҳанд, ки онҳо сабабгори ғайрирасмият мебошанд. Одамон дар бораи худ дар Интернет, нисбат дар ҳолати офлайн ба худ раво медиданд зиёдтар мегӯянд. Баъзе одамон дар ташвиш ҳастанд, ки муошират дар онлайн зиёдтар аз муоширати зинда шуда ба он таъсири манфӣ расонида истодааст. Бо баробари ин, расонаҳои иҷтимоӣ бо суръати тез иваз кардани маълумотҳо, дар алоқа будан боҳамдигар, ки дигаргуна муошират карда наметавонистанд мусоидат мекунад. Исботи он, ки ҳамаи одамон имконияти дастраси ва сохтани онлайн контент доранд, гуфта метавонем, ки фазои демократӣ ва озодии сухан мавҷуд мебошанд.
Шабакаи иҷтимоӣ инчунин барои фаъолии фазои сиёсӣ низ қулай мебошад. Ин сайтҳо имкон медиҳанд, ки сиёсатмандон бевосита бо интихобкунандагон муошират кунанад, ё ба интихобкунандагон дақиқ мушоҳида кардани фаъолияти ходимони сиёсӣ имконият медиҳад.
Барномаои муосир ба маротиб дар коркарди мубоҳисаҳо (дебатҳо) имконпазир мебошанд. Истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи одамон ё гурӯҳҳои бисёр дар муддати кутоҳ имконияти таъҷилан ҷамъ кардани одамон ё расонидани маълумоти таъҷтилиро доранд. Ин ҳаминро нишон медиҳад, ки истифода бурдани ин восита, масъалан дар ташкили намоиш ё эътироз. Инчунин, ин намуди интернет сайтҳо ба давлат низ имконияти дақиқ мушоҳида намудани фаъолияти мардумро медиҳад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет барои гурӯҳи одамон дар сурати тез паҳн намудани пайёмҳои худ, инчунин дар ҳамин суръат бурдани корҳои ташвиқатиро низ имконпазир мекунад.
Интернет ҳамарӯза ва ҳама дақиқа дагаргун шуда истодааст, ягон хел нишонаҳое, ки ин ҷараён ба охир мерасад мушоҳида намешавад.
Фазои мемаҳдуди маълумот барои ҳар як нафар дастрас аст. Дар ин ҷиҳати хуби ин захира, аммо истифода бурдани маълумоти бемаҳдуд ба одамон низ хатари ҷиддӣ дорад. Алҳол бемории муосири техникӣ «вобастагӣ аз интернет» пайдо шудааст, ки новобаста аз синну сол бисёриҳо гирифтори он шудаанд. Одамон хеле ба Интернет бовар мекунанд, онҳо ҳатто оиди дурустии маълумат ва ҳақиқатҷӯ будани муаллиф шубҳа намекунанд. Барои он, ки Интернет ба одамон хизмат кунад, ҳамаи истифодабарандагон бояд маълумоти дуруст ҷустуҷӯ кунанд, дар вақти пайдо кардан онро баҳогузорӣ ва коркард кунанд.

пешина
аз 126
навбатӣ