САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
РАСОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИНТЕРНЕТ
3.4. ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲИ ИҶТИМОӢ БА ҶАМЪИЯТ.
Вақтҳои охир боз як мавҳуми вобаста ба Интернет ва шароитҳои нав барои ҳаёт ва кори одамон пайдо шудааст – мавҳуми Didital.
Ҳар чӣ бештар талабот ба шахсоне, ки бо маълумотҳои аз ҳад зиёд кор карда метавонанд, тавонойи мулоҳиза ва қабули қарор дар шароити номуайян доранд, коммуникатсия шабакавӣ новобаста аз сарҳадҳои сину сол, фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ ташкил карда метавонанд зиёд шуда истодааст.
Ҳамаи ин қобилиятҳоро digital-интеллект меноманд. Андеша меравад, ки маҳз ҳамин намуди интеллект дар сатҳи баланд қарор доштани одамро дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад.
«Digital-интеллект се таркиби зеринро дар бар мегирад:
-
digital- тафаккур. Маълумот хеле дастрас шудааст, вале хеле барзиёд, ҳатто «заҳрнок». Пештар таҷрибаи калидӣ дар гирифтани маълумот буд, алҳол бошад – маълумотро ҷудо кардан, аз ҷараён онро кашида гирифтан, баҳо додан ва дуруст будани сарчашмаро фаҳмидан шудааст. Зоҳиран фаҳмидани ин яхпора ҳамоне, ки алҳол зарур аст ё на, - малакаи зарурӣ барои муайян намудани digital-тафаккур.
-
digital-коммуникатсия - маҳорати сохтани шабакаи контактҳои иҷтимоӣ ва гирифтани розигии одамон бо воситаи ҳамкорӣ дар асоси усулҳои нав. Баъзан одамон дар бо рафтори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат дар дар ҳаёт табиӣ зиндагӣ мекунанд куллан фарқи кӣллӣ доранд, онҳо дигар хел кушода мешаванд, равшантар, харизаматӣ, босамар вазифаҳои дар назду худ мондаро дар формати – digital ҳал мекуанд.
-
digital- ташаккул - маҳорати мунтазам дониш гирифтан, инчунин дар онлайн муҳит тафакури худро васеъ намудан. Системаҳои муосири итилоотии худдонишгирӣ ҳамеша аз истифодабарандагон алоқаи бозгашт мегирад ва бо ин васила худро мукаммалтар мекунанд.
Инчунин одамон низ дар ин ҳаёт, аз нуқтаи мунтазам истифода бурдани технологияи нав такомул ёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё