Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои расонаҳои иҷтимоӣ
• Набудани маҳдудкунии маконӣ;
• Оперативӣ (ҳамон замон ба инобат гирифтан).
• Дастрас будани маълумот;
• Аққалияти фазои шахсӣ;
Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин тавр таъҷилӣ барои одамоне, ки расонаҳои анъанавиро дар мисоли, рӯзнома, радио, ТВ истеҳсол мекунанд, истифодабарандагон ба ҷои бевоситаи ба нашрияҳои расонай муроҷиат намудан, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ бештар мълумотро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ гиранд. Агар барои онҳо контент маъқул бошад, онҳо инро ба дӯстонашон дар шакли онлайн пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр расонаҳои иҷтимоӣ яке аз каналҳои муҳимтарини паҳнкунандаи расонаҳои анъанавӣ шудаанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин тавр барномабандӣ карда шудаанд, ки онҳоро тез ва осон истифода бурда мешавад, инчунин онҳо бепул мебошанд. Барои истифодабарандагон барои сохтани профайли худ ё оғози пурбор кардани контент ва бо дигарон якҷоя амал кардан донишҳои махсус лозим нест. Шабакаи иҷтимоӣ ҷустуҷӯи одамонро бо ҳавасҳои якҷоя осон карда, онҳоро ба муошират барои заҳира ва шавқҳои якҷояяашон фикривазкунӣ кардан ҳавасманд мекунад.

Ҳамарӯза одамоне, ки ҷурналисти касбӣ намебошанд, барои гуфтани ягон таърих, барои муҳокимаи мавзӯи шавқовар канал пайдо карда метавонанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин ба одамони оддӣ дар огаҳ будани онҳо аз рӯйдодҳои ҷамъият, шарҳу эъзоҳи худро нисбати онҳо тавассути онлайн кӯмак мерасонад.
Хатарҳо. Одамон маълумоти шахсии худро дар фазои ба ҳама дастрас мубодила мекунанд, ин маълумот дастраси дигар истифодабарандагон низ шуда метавонад.
Барои ҳамин истифодабарандагон бояд донанд, ки кадом маълумотро ба омма пешниҳод карда истодаанд. Хатарҳо на он қадар калон буда метавонанд – мисол, агар шумо нахоҳед касе маълумоти нигоҳ доштаи шуморо дарёбад, усули танзими махфиятро истифода баред.

Баъзе корфармоён бо мақсади фаҳмидани дар олами Интернет чӣ гуна имиҷ доштани коргаронашон, профили онҳоро тафтиш мекунанд. Инчунин хатарнок мебошад, мисол оиди ба рухсати рафтании худ маълумот мегузоред, ин маълумот аз тарафи дузде, ки ба хонаи шумо даромаднӣ ҳаст хонда мешавад. Бо таврӣ анонимӣ нашр кардани маълумот хеле осон аст, бинобар ин барои таъқибгарони онлайн, хакерҳо ё акааунтҳои фэйкӣ (аккантҳои бардурӯғ) имкониятҳои нав пайдо мешавад.
Оиди худ дар онлайн маълумот гузоштан, шумо дар зери хатари хакерҳо монданатон гумон аст - вақто, ки дигарон бе иҷозати шумо дастраси ба маълумотҳои шумо доранд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маълумоте, ки шумо аз ҷомеаъ пӯшидан мехостед, дастраси омма шуданаш мумкин аст. Ҳамеша дар бораи он фикр кунед, кик адом маълумотро дар Интернет мегузоред. Бисёр шабакаҳои иҷтимоӣ барои кам кардани шумораи одамон, ки дастрасӣ ба маводҳои шумо дорад созкунии бехатариро пешниҳод мекунанд. Инчунин якчанд усулҳои муҳосиракунанда низ вуҷуд доранд, ки барои муҳосира кардани истифодабарандагони алоҳида кӯмак мерасонад. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо пороли боваринок доред, ба ҳар ҳол, аз ҳашт нишонаҳо, ки дар он ҳарф, рақам ва пунктуатсия маҷуд мебошад, ва ҳамеша онро махфӣ нигаҳ доред. Агар не, хатари дуздидани маълумотҳои шумо ҳаст.

пешина
аз 126
навбатӣ