САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
РАСОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИНТЕРНЕТ
3.3. РАСОНАҲОИ ИҶТИМОӢ: ИМКОНИЯТ ВА ХАТАРҲО.
Расонаҳои иҷтимоӣ – ин вебсайтҳо ва замимаҳо мебошанд, ки барои истифодабарандагон имконияти сохтан ва бо ҳам истифода бурдани контент бо дигар истифодабарандагон ва бо ҷомеаи виртуалӣ мебошад. Истифодабарандагон саҳифаи шахсии худро ташкил медиҳанд, ки онро профайл меноманд, пас бо дигар одамон бо ҳар усул ҳамкорӣ, мисол акс ё видео маводҳоро иваз мекунанд, тавассути чатҳо муошират мекунанд, ҳамзамон аз рӯи шавқашон гурӯҳҳо ташкил мекунанд.
Ҳамаи ин аз тахтаҳои электронии эълонҳо охири солҳои 70 асри гузашта оғоз ёфтааст. Тахтаҳои электронии эълонҳо аввалин намуди сайтҳо буданд, ки истифодабарандагон ба он ворид шуда бо ҳамдигар муошират мекарданд, ҳолон ки нисбати имрӯз, ким о истифода мебарем бағоят суст будан.Сайтҳои шиносӣ аввалин шабаки иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин, ки одамон бо Интернет кор карданро оғоз намуданд, дар ҳамон вақт ин сайтҳо пайдо шуданд. Онҳо барои истифодабарандагон барои сохтани варақаи бақайдгири (учетнқӣ записҳ) бо акс ва барои алоқа баромадан бо дигар истифодабарандагон имконият медод.
Расонаҳои иҷтимоӣ – хеле роҳи дурро, аз тахатаҳои электронии эълонҳо то шабакаҳои иҷтимоии бузургтарин тай кардааст. Алҳол низ онҳо ҳамарӯза рушд мекунанд. Бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои бузургтарин, ки ҳамарӯза дигаргун мешаванд, ин тоқча низ ҳамарӯза дар оянда рушд меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё