САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Марҳилаи аввалини рушд – истифода бурдани Интернет барои хондани маълумоти онлайн буд. Сабаби он дар суръати паст доштан ва дигар муаммоҳои техникии маҳдудкунии Интернет буд – аз он истифода бурдан бе донистани забони махсуси компуттерӣ форматкунии саҳифаҳои Интернетӣ хеле мушкил буд.
Ин набалки мушкил, инчунин вақти зиёдро талаб мекард. Алҳол мо дар дигар марҳилаи ояндаи рушди Интернет қарор дорем, инро Web 2.1 меноманд. Алҳол ба истифодабарандагон имконияти дар Интернет бор кардани маълумотҳои шахсӣ (таърих, эъзоҳҳо, аксҳо, видеонаворҳо) вуҷуд дошта, бо як пахшкунӣ онро ба амал оварда мешавад.
Акнун мо дар Интернет нафақат чизеро мехонем, балки худамон онро эъҷод ва паҳн карда метавонем.
Барои пурбор кардани мавод, мисол, акс дар Фейсбук ё ин ки дар сохтани блог, имкониятҳои Web 2.0 ро истифода мебаранд, инак бо ҳамин роҳи марҳилаи нав сарҳадҳои байни истифодабаранда ва эъҷодкунандаи контентро вайрон мекунад.
Интернет доимо дигаргун ва модернизатсия мешавад. Ин барои истифодабаранда имкониятҳои бемаҳдуд дар интихоб ва ҷустуҷӯи маълумотҳоро медиҳад. Онҳо дастрасии доимӣ ба манбаҳои иттилоот доранд, ки он мунтазам рушд мекунанд. Чунин савол ба миён меояд, алҳол аслан Интернет дар дасти кӣ бошад. Молики расмии Интернет ё шахси онро назораткунанда нест, аммо шаҳсони алоҳида ва ташкилотҳо барои иттилоотҳои паҳнкунанда онлайн ҷавобгар мебошанд. Аз як тараф ин нишон медиҳад, ки Интернет озодии суханро тарафдорӣ мекунад, аз дигар тараф бошад истифодабарандагонро ҳимря карда наметавонад. Дар Интернет назорати муҳаррирӣ вуҷуд надорад, эҳтимоли паҳни бисёр овозаҳо ва хабарҳои бардурӯғ, ки ба назари аввал ҳақиқат метобанд, шавад. Гуфтаҳои хусуматомез, парнография иғвоангезиҳои ба зӯроварӣ мерасонад зиёданд. Аммо Интернет ба одамон, аққалият ва гуруҳҳои махсус барои баён кардани фикрҳои худ имконият медиҳад.
Дар тамоми ҷаҳон одамонро бо назардошти шавқи якҷоя ё ин ки таҷрибаи умумӣ муттаҳид мекунад.
Ҳамаи маълумоти Интернет дар серверҳори махсус нигаҳ дошта мешаванд, ки истифодабарандагон ба он пайваст мешаванд, ин ҳаминро нишон медиҳад, ки нобуд кардани маълумот аз Интернет ғайриимкон мебошад, аммо дастрасиро ба он каме мушкил кардан мумкин аст.
Чунончи ягон нафар ё ташкилоти назораткунандаи тамоми Интернет набошад ҳам, ташкилотҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро шахсони боэътимод дар олами Интернет гуфтан мумкин аст. Инҳо ба мисоли компанияҳои Microsoft, Apple, Facebook ва Google мебошанд. Ҳар яки онҳо вазифа ва мақсадҳои худро доранд (мисол, маблағ кор кардан, оиди истифодабарандагон маълумот ҷамъ кардан ва ғайра).
Нуқтаи назари гуногуни Интернет вуҷуд дорад, мисол, веб-бехатарӣ, веб-тиҷорат, веб-коммуникатсия, интернет-провайдерҳо, барнома созҳо ва истеҳсолкунандагони тачҳизотӣ ва барномавӣ ва ҳар мавқеъ команияҳои пешрави худро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё