САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЭҲСОСОТИ НАВРАСОН
Эҳсосоти наврасон бисёр вақт аз муносибат вобастгӣ дорад. Дар нуфузи эҳсосоти наврасон хусусиятҳо зерин:
- арангезии зиёди эҳсосоти, ки наврасро ба ҳолати пуравҷ нишон додани ҳиссиётҳои худ мебарад. Наврасон дар ин синну сол бо бадҷаҳлӣ, тезии худ фарқ мекунанд: онҳо бо майлу рағбат кори шавқоварро иҷро мекунанд, нигоҳи худро дифоъ мекунанд, дар ҳолати камтарини муносибати нодуруст аз тарафи калонсолон худро ва рафиқони худро ҳимоя мекунанд;
- устуворӣ дар азсаргузаронии эҳсосотҳо дар муқоиса бо хонандагони синфҳои поёнӣ; чунончи, наврасон хафагиро дер аз хотир намебароранд;
- ҳиссиётҳо, ки дар кӯдакӣ қалбро ба ҳаяҷон меоварданд, акнун на ҳама вақт онро идора карда метавонанд; агар аввалҳо, ғами наздикон ва шахсони бегона дар дили кӯдак ҳиссиётҳои ғамшарикӣ бедор карда бошад, наврасон фалокати инсонҳоро бефарқ қабул мекунанд.
- ҳиссиёти баланди интизории тарс, ки дар ҳолати ҳаяҷон ба вуҷуд меояд; муайян шудааст, ки ҳаяҷони бо шиддат дар синни наврасӣ мушоҳида мешавад; он дар вақти муносибати алоқаи- маҳрамонаи одамон, инчунин бо фикри дар назди одамон хандаовор тофтан пайдо мешавад;
- ихтилофи ҳиссиятҳо: маззамат кардани дигаронро фаҳманд ҳам наврасон бисёр вақт бо гармӣ рафиқи худро ҳимоя мекунанд; дори ҳисси баланди қадру қиммати худ будан, онҳо аз ранҷидан гиря карднашон мумкин аст, агарчӣ мефаҳманд, ки гиря кардан айб аст;
- зиқ шудани наврасон, на фақат ба баҳогирӣ вобаста буда, бо сабаби худбаҳодӣ, ки дар онҳо дар натиҷаи рушди худогоҳӣ пайдо мешаванд;
- ҳиссиёти рушдкардаи матаносиб будан ба гурӯҳ, барои ҳамин онҳо тез ва ранҷурона аз нописандиии рафиқон, нисбати нописандии калонсолон ва муаллимон зиқ мешаванд, бисёр вақт ҳисии тарс барои аз гурӯҳ инкор шудан; наврасон омода ҳастанд, ки дар ҳама чиз мӯдро пайгирӣ кунанд: дар мусиқӣ, дар либос, дар варзиш, дар шавқу ҳавасҳо. Муттасил ихтилофро дар аз рӯи мӯд пӯшидани либос, ва аз тӯда ҷудо шуда истодан, ё омехта шудан дар ин тӯда дидан мумкин аст. Агар ду се кӯдак бо намуди зоҳирии худ дар синф аз дигарон фарқ мекунанд, мисол бо компутери паланшетии худ, дигарон низ «таассуб» мекунанд, ки аз дигарон кам набошанд. Агар ба ин хел наврас падару модарашон чизе харидрӣ кунанд, ӯ ҳамин тавр вонамуд мекунад, ки ин чиз барояш он қадар муҳим нест. Бамин гуна наврасон аз тӯда бо бемислии (оригиналии)худ фарқ мекунанд.
- талаботҳои зиёд пешниҳод кардан барои дӯстӣ; дӯстии дар наврасон нисбат ба кӯдакон интихобӣ ва маҳрамона, фосиланок мебошад; бо таъсирии дӯсти наврасон дигаргун мешаванд; инчунин дӯстии гурӯҳӣ мамнӯъ шудааст.
- дар ин синну сол аз як тараф ихтилоф байни хоҳишҳои зиёд, аз тарафи дигар аз норасой қувва ва таҷрибаи ҳаёт шиддат мегирад. Аз ин ҷо
– ҳавасҳои ҳархела ва дар натиҷа – нопойдории ҳавасҳо. Дирӯз наврас ҳаваси теннисбозӣ дошт, имрӯз бошад ба гитара шавқ пайдо карддаст. Нопойдории ҳавасҳо – ин худро ҷустан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё